Ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Пекин қадами стратегӣ дар самти дастгирии ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» мебошад

Июнь 17, 2025 17:50

ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии нахустин хатсайри ҳавоии «Пекин-Душанбе» баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ифтитоҳи хатсайри ҳавоии «Пекин-Душанбе» аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии чинии «China Southern Airlines» амалӣ гардида, он омаду рафти мусофиронро дар самти Тоҷикистону Чин соддатар намуд.

Ифтитоҳи хатсайри мазкур ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро таҳким бахшида, қадами муҳим дар рушди иртиботи нақлиёти ҳавоӣ байни Тоҷикистону Чин ва дар маҷмуъ минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Муовини Директори генералии ширкати гурӯҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин — «China Southern Airlines» Тсюй Гуантсзӣ ифтитоҳи хатсайри ҳавоии «Пекин –Душанбе»-ро қадами стратегӣ дар ҷонибдорӣ аз ташаббуси миллии «Як камарбанд — як роҳ», таҳкими мақоми Пекин ҳамчун маркази байналмилалии ҳавопаймоӣ ва қонеъ намудани талаботи бозори ҳавопаймоӣ арзёбӣ намуд.

«Нахустин хатсайри ҳавоии «Пекин Душанбе» на танҳо сафари мусофирон ва ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Чину Тоҷикистонро осон мекунад, балки ба ҳамбастагии Чин ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар сатҳи нав мусоидат менамояд.

«Ин амали мушаххас барои иҷрои тавофуқоти дар нишасти Чин ва Осиёи Марказӣ ҳосилшуда ва намунаи равшани он аст, ки як ширкати давлатии ҳавопаймоӣ рисолати муҳими сиёсати хориҷиро иҷро мекунад», — афзуд Тсюй Гуантсзӣ.

Инчунин ӯ илова намуд, ки «China Southern Airlines» ширкати ҳавопаймоии бонуфуз ва бренди қавӣ мебошад. Дар давоми 7 сол пай дар пай дар самти сифати хизматрасонӣ ба мусофирон аз рӯи баҳодиҳии «Civil Aviation Passenger Service Evaluation» дар байни ширкатҳои пешқадами ҳавопаймоии ҷаҳон қарор дорад. Ширкати ҳавопаймоӣ инчунин барандаи бисёр ҷоизаҳои бонуфуз, аз ҷумла ҷоизаи беҳтарин ширкати ҳавопаймоӣ ва ҷоизаи инноватсия дар авиатсияи шаҳрвандӣ мебошад. Дар тӯли 14 сол, он пешсафии худро дар зинаи хизматрасонии хадамоти ҳавоӣ нигоҳ медорад.

Дар бозори дохилӣ ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» ба зиёда аз 150 самт хизмат мерасонад ва дар як рӯз беш аз 2000 парвоз анҷом медиҳад. Шабакаи байналмиллалӣ беш аз 40 кишвар ва минтақаро фаро гирифта, 76 самт, қариб 50 намояндагии хориҷӣ ва зиёда аз 290 парвозҳои байналмилалиро дар бар мегирад.

Инчунин дар маросими ботантанаи муаррифии нахустини хатсайри ҳавоии мусофиркашонии «Пекин -Душанбе» Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иброз намуд, ки ифтитоҳи нахустин хатсайри мустақими «Пекин – Душанбе» қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои мо хоҳад буд.

«Дар натиҷаи музокироти дуҷониба, шуруъ аз 16 июн ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» нахустин хатсайри мустақими «Пекин – Душанбе»-ро ифтитоҳ намуд. Ин парвозҳо дар як ҳафта ду маротиба анҷом дода мешаванд. Ин хатсайр дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ шуда, барои шаҳрвандони кишвар туҳфаи арзишманд гардид»,- афзуд Ҳабибулло Назарзода.

Ҳабибулло Назарзода ҳамчунин иброз дошт, ки «ифтитоҳи нахустин парвози ҳавоӣ дар хатсайри «Пекин –Душанбе» барои густариши ҳамкории нави авиатсионӣ дар самти тақвияти ҳамкории авиатсияи байналмиллалӣ, интиқоли мусофирон, фарох намудани ҷуғрофиёи парвозҳо ва ифтитоҳи хастсайрҳои нави байналмилалӣ, таҳкими робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, робитаҳои технологӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва рушди иқтидори транзитии кишвар муҳим мебошад».

Таъкид гардид, ки Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани рақобатпазирии авиатсияи граждании миллӣ, таҳкими ҳамкориӣ бо ширкатҳои бонуфузи ҳавопаймоии пешрафтаи ҷаҳон ва тавсеаи шабакаи хатсайрҳо ба минтақаҳои гуногуни дунё тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад.

Лайло ТОИРӢ,
Марзия САИДЗОДА,
Тоҳирҷон САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июнь 17, 2025 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад