Илҳомҷон Оймуҳаммадзода: «Пиряхҳо на танҳо массаҳои ях, балки бойгонии зиндаи геологӣ мебошанд»

Июнь 8, 2025 17:10

ДУШАНБЕ, 08.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пиряхҳо танҳо массаҳои ях нестанд, онҳо бойгонии зиндаи геологӣ мебошанд, ки дар онҳо таърихи сайёра, осори иқлими қадимӣ, офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои тектоникӣ рамзгузорӣ шудааст. Чунин иброз дошт сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 май) зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

«Пиряхҳо муҳимтарин шаклҳои табиӣ буда, ташаккул, гузариш ва таназзули онҳо ҷузъи ҷудонашавандаи давраи геологӣ мебошанд. Онҳо таъсири мутақобилаи омилҳои иқлимӣ ва тектоникиро дар давраи чорум инъикос менамояд»,-гуфт Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Ӯ илова кард, ки ташаккули пиряхҳо дар шароити мувозинати муътадили манфии ҳарорат ба амал меояд. Дар раванди фишурдани қабати барф шаклҳои мобайнӣ — фирн ва неве ба вуҷуд меоянд, ки бо мурури замон ба яхҳои зиччи пирях табдил меёбанд.

«Аз нигоҳи динамикаи геологӣ пиряхҳо агентҳои фаъоли экзогенӣ мебошанд, ки метавонанд вазифаҳои эрозия, интиқол ва ҷамъшавии партовҳоро иҷро кунанд», — изҳор дошт сардори Саридораи геология.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, синну соли пиряхҳо вобаста ба шароити иқлимию орографӣ дар доираи васеъ фарқ мекунад. Санҷиши радиокарбонии боқимондаҳои органикӣ дар таҳшинҳои зери пиряхӣ, таҳлили изотопҳои оксиген ва гидроген, инчунин омӯзиши қабати яхбандӣ имкон медиҳад, ки чаҳорчӯбаи хронологии ташаккули пиряхҳо муайян карда шавад.

Фосилаҳои пиряхӣ бо равандҳои тектоникӣ ва палеогеографӣ зич алоқаманд аст, яъне шикастаҳои фаъол ва ҳаракатҳои неотектоникӣ метавонанд таркиби ҳавзаҳои пиряхҳоро тағйир диҳанд. Яъне конҳои зер ва болои ях бо ҳаракатҳои замин ва таъсири ҷозиба алоқаманд буда, дар ташаккули муҳити атрофи пиряхҳо нақши муҳим доранд.

«Таназзули муосири пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ боиси фаъол шудани равандҳои хатарноки геологӣ, аз қабили ярч ва фаромадани сел, хурӯҷи кӯлҳои пиряхӣ, ҳаракати нишебиҳо ва яхбандии абадӣ мегардад»,-гуфт Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Мавсуф афзуд, ки пиряхҳо системаҳои мураккаби геологӣ мебошанд, ки қобилияти дар муддати тӯлонӣ дар бораи шароити иқлимӣ, тектоникӣ ва геоморфологӣ ҷамъоварӣ карданро доранд. Омӯзиши онҳо имкон медиҳад, ки геохронологияи давраи чорум, аз нав барқарор кардани ҳодисаҳои палеогеографӣ ва пешгӯии хатарҳои геологиро муайян намояд.

«Дар шароити тағйирёбандаи иқлим мониторинги пиряхҳо барои арзёбии устувории муҳити табиӣ ва бехатарии геологии ҳудудҳо ба ҳисоб меравад», — баён дошт ҳамсуҳбати мо.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 8, 2025 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд
Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид