КИШТИ ТАКРОРӢ. Барои рӯёнидани ду ё се ҳосил аз як замин чӣ бояд кард?
ДУШАНБЕ, 22.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дурнамо, соли равон дар Тоҷикистон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар беш аз 188 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад. Соли 2024 аз кишти такрорӣ 1,5 миллион тонна зироат ҷамъоварӣ гардид.
Тавре доктори илмҳои кишоварзӣ Раҳмон Саидзода ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, аз ҳисоби самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои лалмию обӣ, истифодаи захираҳои табиӣ, интихоби тухмиҳои хушсифат, иҷрои корҳои агрохетникӣ ва гузаронидани кишти такрорӣ аз як замин ду -се ҳосил гирифтан имкон дорад.
«Барои гирифтани ду ё се ҳосил кишоварзон бояд кишти такрорӣ гузаронанд. Кишти такрорӣ яке аз усулҳои самараноки истифодаи замин дар як сол ба ҳисоб меравад, ки ба ҳосили иловагӣ, истифодаи оқилонаи захираҳо ва баланд бардоштани иқтисоди хонаводаҳо мусоидат мекунад. Кишти такрорӣ баъди ҷамъоварии ҳосили зироати аввал гузаронида мешавад»,-илова кард Раҳмон Саидзода.
Коршинос афзуд, ки кишти такрорӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ, канда нашудани занҷираҳои истеҳсолу интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирӣ аз болорави нархи маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад.
-Айни замон дар бештари хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷамъоварии кишти барвақтӣ, аз ҷумла гандум, картошкаю пиёзи барвақтӣ ҷараён дорад. Баъд аз ҷамъоварии ин маҳсулот кишти такрорӣ гузаронида мумкин аст. Дар кишти такрорӣ бештар зироати лубиёгӣ, ҷумворимакка, сабзӣ, шолӣ, карами сабз ва дигар навъҳо сабзавот гузаронида мешавад, -тавсия дод ҳамсуҳбати мо.
Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишти такрорӣ тақрибан 60 фоизи ғалладонагиҳо кишт карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара 17 майи соли равон иброз намуданд, ки «…барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладона чораҷӯӣ карда, кишти такрорӣ бештар аз ҳисоби картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо васеъ ба роҳ монда шавад».
Сол то сол майдони заминҳои кишти такрорӣ дар мамлакат васеъ гардонида мешавад. Шумораи заминҳое, ки ба кишти такрорӣ фаро гирифта шудаанд, 200 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд.
Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, дар кишти такрорӣ асосан зироате кишт карда мешавад, ки давраи нашъу намоаш кӯтоҳ мебошад. Ҳар як зироат ба панҷ омили табиӣ талабот дорад, ки инҳо талабот ба об, гармӣ, равшанӣ, ғизо ва ҳаво аст. Агар дар вақти кишт ин панҷ омили табиӣ таъмин карда шаванд, ҳосил фаровон мешавад. Дар вилояти Хатлон дар кишти такрорӣ аз 40 то 45 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст.
Тибқи таҳилҳои олимони соҳаи кишоварзӣ, давомнокии рӯзҳои офтобӣ баъд аз ҷаъмоварии ҳосили тирамоҳӣ дар вилояти Суғд 100-110 рӯз, вилояти Хатлон 140-150 рӯз , Ҳисор 120-130 рӯз мебошад. Аз ин рӯ, кишоварзон барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар мамлакат аз ин рӯзҳои офтобӣ бояд самаранок истифода намоянд. Инчунин тамоми тадбирҳои заруриро ҷиҳати кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода намоянд.
Тавре Раҳмон Саидзода маслиҳат дод, «барои он ки кишти такрорӣ самаранок бошад, пас аз ҷамъоварии зироати аввал замин зуд омода карда шавад. Навъҳои барвақтрас ва давраи нашъунамояшон тезтарро интихоб бояд кард. Ҳангоми обёрӣ ва таъмини нуриҳои минералӣ ба қоидаҳои он диққати аввалиндараҷа дода шавад. Масалан аз маҳсулоти сабзавот: шалғам, карам, турб, помидор (навъҳои барвақтрас) ва бодиринг барои кишт созгор мебошад. Инчунин лӯбиё, нахӯд, юнучқа, ҷуворимакка барои хӯроки чорво, картошкаи барвақтрас ва ҷуворимаккаи ширин кишт намудан мумкин аст.
Бояд тазаккур дод, ки кишти такрорӣ яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад. Бо риояи технологияи дурусти агротехникӣ ва интихоб намудани навъҳои мувофиқ, метавон дар як мавсим ду ё зиёда ҳосил ба даст овард ва самараи меҳнатро зиёд кард.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд






