Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд

Июнь 24, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 24.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23-24 июни соли 2025 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон оид ба вазъ ва дурнамои амният ва субот дар фазои СҲШ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳдидҳои афзоянда дар минтақа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати таҳкими ҳамкории амалии мақомоти дахлдори давлатҳои аъзо, хусусан дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои кибериро таъкид кард.

АКС: Котиботи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид