Масъалаи таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Корея баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имконияти густариши ҳамкорӣ байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо Агентии ҳамкории байналмилалии Корея /KOICA/ дар мулоқоти муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода бо директори навтаъйини Дафтари минтақавии KOICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Канг Синг Хон дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳои муштарак изҳор карда шуд.
Дар рафти музокирот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла идоракунии хавфҳо, назорати пас аз барасмиятдарории гумрукӣ, идоракунии ҷараёни мусофирон, навсозии инфрасохтори IT, таъсиси маркази мониторинги гумрукӣ ва таъмини кормандони мақомоти гумрук бо таҷҳизоти муосир мавриди баррасӣ қарор доданд.
Азим Турсунзода таъкид кард, ки ҳамкорӣ бо Корея дар самти рушди низоми идоракунии хавфҳо барои муосирсозии фаъолияти гумрук, дақиқ муайян кардани хавфҳо ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар нақши муҳим дорад.
Дар навбати худ, Канг Синг Хон изҳор дошт, ки таҷрибаи корӣ дар дигар давлатҳо, аз ҷумла Гватемала ӯро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои нав омода кардааст.
Гуфта шуд, ки мақсади асосии KOICA мусоидат дар таъсис ва такмили низомҳои иттилоотӣ ва инфрасохтори гумруки Тоҷикистон аст.
Ҷонибҳо аҳамияти масъалаҳои баррасишударо барои рушди соҳаи гумрук ва манфиатҳои миллии тарафҳо таъкид карда, омодагии худро барои ҳамкорӣ ва татбиқи самараноки лоиҳаҳо изҳор намуданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






