НАМОИШГОҲИ ҶАҲОНИИ EXPO-2025. Ҳамарӯза Гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд

ДУШАНБЕ, 30.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 25 ҳазор нафар Гӯшаи Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 тамошо карда, бо табиати нотакрори Тоҷикистон, пиряхҳо ва захираҳои обӣ, дастоварду имкониятҳои сармоягузорию сайёҳии мамлакати мо шинос мешаванд. Онҳо аз зебоиҳои табиати ҷумҳурии мо ба ваҷҳ омада, дар назди Гӯшаи Тоҷикистон расму видеоҳои хотиравӣ мегиранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 27 июн дар шаҳри Осакаи Ҷопон дар доираи Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар чорабинӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Комиссари генералии Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 Ҳанеда Коҷӣ, намояндагони мақомоти давлатии Ҷопон, корпуси дипломатӣ ва меҳмонон иштирок намуданд.
Ҳоким Холиқзода оид ба дастоварду имкониятҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим, захираҳои обӣ, энергияи сабз, сармоягузорию сайёҳӣ ва маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ибрози андеша намуд.
Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» 13 апрели соли равон оғоз гардида, то 13 октябри соли 2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон идома меёбад, ки дар он зиёда аз 161 кишвари ҷаҳон ва 9 созмони байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Намоишгоҳи байналмилалии мазкур дар панҷ сол як маротиба баргузор гардида, ин навбат ба худ шиори «Тарҳрезии ҷомеаи оянда барои мо»-ро гирифтааст ва он аз се мавзуи асосӣ, аз қабили «Наҷоти ҳастӣ», «Тақвияти ҳастӣ» ва «Пайванди ҳастӣ», ки дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои иштироккунандаи ҷаҳон қарор доранд, иборат мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гӯшаи Тоҷикистонро бо номи «Пиряхҳо ва сарчашмаҳои обӣ — барои наҷоти ҳаёт ва ояндаи устувор» бо тарҳу ороиши зебои миллӣ сохта, онро бо воситаҳои муосири намоишӣ ва айнакҳои виртуалии 3D муҷаҳҳаз гардонидааст.
Дар Гӯшаи Тоҷикистон ташаббусҳои глобалии мамлакат оид ба ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим, маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, имкониятҳои сармоягузорию сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сангҳои ороишӣ, нигораву армуғонҳои миллӣ ва маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклет, QR-код ва бюллетени электронӣ муаррифӣ шуданд. Наворҳои видеоӣ оид ба имкониятҳои сармоягузорию сайёҳӣ ва дастовардҳои мамлакат низ пайваста пахш мегарданд.
Яке аз маҳсулоти асосии гӯшаи мазкур, амсилаи (макети) пиряхи Ванҷях (Федченко) мебошад, ки таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ зиёд ҷалб мекунад. Иброз гардид, ки пиряхи Ванҷях (Федченко) бузургтарин пиряхи ҷаҳон дар хушкӣ ба шумор меравад, ки 77 километр дарозӣ дошта, дар баландии 6974 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.
Маҳсулоти дигари диққатҷалбкунандаи ҷониби мо айнакҳои виртуалии 3D мебошад, ки тавассути он тамошобинон метавонанд аз манзараҳои зебои табиии мамлака, аз ҷумла пиряхи Ванҷях дидан намоянд.
Тибқи иттилои расмии «ЭКСПО 2025», танҳо дар 76 рӯзи аввал беш аз 9,3 миллион нафар меҳмонон аз Намоишгоҳ боздид намудаанд.
Интизор меравад, ки то охири давраи баргузории «ЭКСПО 2025» зиёда аз 28 миллион нафар тамошобинон аз он боздид намоянд. Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» қадами муҳим барои таблиғу муаррифии имкониятҳои рушди сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон дар назди Гӯшаи Тоҷикистон сангҳои ороишӣ, нигораву армуғонҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба фурӯш бароварда шуданд, ки талаботи тамошобинон ба онҳо зиёд аст.
Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» ҳайати расмии мамлакат бо роҳбарияти як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти шаҳри Осакаи Ҷопон ҷиҳати рушди ҳамкории дуҷониба вохӯрӣ баргузор намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон