Намояндаи Тоҷикистон дар машварат вобаста ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин чорумин машварати роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки масъули рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошанд, баргузор шуд. Дар машварат аз Тоҷикистон сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Исфандиёри Саъдулло дар машварат иброз дошт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидааст, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои он тадбирҳои муҳим андешида шудааст.
Ҳамчунин дастовардҳои калидии Тоҷикистон дар соҳаи алоқа ва табдили рақамӣ мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорони машварат қарор гирифта, зарурати таҳкими ҳамкории стратегӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таъкид гардид.
Дар ҷараёни ин машварат аз ҷониби иштирокчиён Нақшаи чорабиниҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар самти табдили рақамӣ қабул гардид. Таъкид шуд, ки ин як қадами муҳим дар роҳи ташаккули минтақаи устувор ва пешрафтаи технологӣ маҳсуб мешавад.
Дар анҷоми машварат роҳбарони вазорату идораҳои масъули рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай протоколи дахлдорро ба имзо расониданд.
Инчунин дар доираи ин машварат Форуми рушд ва ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои рақамии Чин – Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд






