РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР БАДАХШОН. Сабзазорҳои алпӣ, биёбонҳои баландкӯҳ, дарёҳои тезҷараён ва кӯлҳои мусаффои он назаррабо мебошанд

Июнь 6, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 06.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабзазорҳои алпӣ, биёбонҳои баландкӯҳ, водиҳои зебо, дарёҳои тезҷараён, кӯлҳои мусаффо, меъмории ғайримуқаррарӣ дили садҳо сайёҳонро тасхир намудааст. Табиати зебо, манзараҳои дилфиребу нотакрор, обҳои зулол, ҳавои тоза, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои сарбафалаку барфпӯш, мардумони самимию меҳмоннавоз ва этнографияи беамсолаш таваҷҷуҳи сайёҳонро ба ин минтақаи сайёҳӣ ҷалб намудааст.

Бадахшонро бо кӯҳҳои сарбафалакаш Боми ҷаҳон меноманд, ки дар дунё яке аз машҳуртарин қитъаҳои кӯҳнавардӣ ва алпинизми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи сайёҳии вилоят имконияти бештар фароҳам овард. Кумакҳои бесобиқа ва маблағҳои зиёде, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳнамоӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат барои Бадахшон ҷудо мешаванд, дар муддати кӯтоҳ симои вилоятро ба куллӣ дигар намуда, шароит ва сатҳи зиндагии ин мардуми кӯҳистонро баланд бардоштанд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нодиртарин ҳунарҳои мардумӣ, анъанаю суннатҳои халқӣ, ҳунарҳои мухталиф ва маҳсули рангоранги дастии занон, либос, анвои таомҳои миллӣ ва ойинҳои зеботарину ҷолибтарин маҳфуз мондаанд, ки барои ҳар меҳмони хориҷӣ қобили таваҷҷуҳ мебошанд.

Ташрифи зиёди сайёҳон аз Аврупо, Осиё, Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Бадахшон далели он аст, ки ин минтақаи мамлакат барои сайёҳони хориҷӣ хеле ҷолиб мебошад.

Ба ин ҷо асосан нафароне меоянд, ки сайёҳии экологиро меписанданд. Онҳо алоҳида-алоҳида ё ду-сенафара бо дучарха саёҳат мекунанд. Дар баробари ин, ҳамасола дар Тоҷикистон Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ баргузор мегардад, ки зимни он кӯҳнавардон аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон ба қуллаҳои баландтарини Бадахшон мебароянд.

Ҳамасола сайёҳону кӯҳнавардони зиёд қуллаҳои Исмоили Сомонӣ, Истиқлолият, Корженевский, Абуалӣ ибни Сино, пиряхҳои Ванҷях, Хирсон, кӯлҳои Қаракӯл, Сарез, Яшилкӯл, Бурункӯл, чашмаҳои шифобахши Ҷелондеҳ, Гармчашма, Авҷ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Модиён, Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамнуъгоҳи «Зоркӯл» ва боғи ботаникии Помирро тамошо менамоянд.

Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2013 ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки муаррифи Тоҷикистон ба ҷаҳониён дар рушди сайёҳии экологӣ ва дарҳои кушод ба сайёҳии берунӣ мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои тамошои мавзеъҳои сайёҳии ин вилоят ба Тоҷикистон ворид мешаванд.

Яке аз мавзеъҳои аҷибу ҳайратангези минтақа, ки ҳамасола барои дидани он сайёҳони зиёд аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба ин ҷо меоянд, Боғи миллии Тоҷикистон мебошад. Боғи миллӣ яке аз минтақаҳои калонтарини ҳифзшавандаи табиӣ дар мамлакат ва Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Масоҳати он 2,6 миллион гектар буда, 18 дарсади масоҳати умумии Тоҷикистон ва 60 дарсади ҳудуди вилоятро фаро мегирад.

Мавзеи дигари ҷолиб «Гармчашма» мебошад, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам машҳур аст. Тибқи маълумот, чашма асрҳо боз мавҷуд аст. Ҳарорати об дар дохили ҳавзҳо аз +38 то +500С аст. Оби сулфиди ангидриди карбони «Гармчашма» барои табобати бемориҳои пӯст ба таври илмӣ исбот шудааст. Он дар қисмати ҷанубу ғарбии вилоят, 45 км дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар баландии 2325 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Сокинони маҳаллӣ оби чашмаро муқаддас мешуморанд, зеро хусусияти табобатии он аз замонҳои қадим маълуму машҳур аст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ин вилоят барои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ва инкишофёбанда муаррифӣ шудааст.

Аз ҷумла, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Бадахшони Тоҷикистон ба рӯйхати «100 самти беҳтарин пешоҳанги глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» дохил гардидаанд. Соли 2016 шоҳроҳи Помир аз тарафи National Geographic дар рӯйхати ҷойҳои аз ҳама ҷолиби ҷаҳон барои саёҳат дар мақоми дуюм қарор гирифта буд. Ин баҳогузории ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ на танҳо мояи ифтихори мо аст, балки омили ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ ба Бадахшон низ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 6, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилӣ
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон ба маркази байналмилалии муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил меёбад
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсӣ мебошанд
Сафари Пешвои миллат марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро оғоз бахшид
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Иқдоми навбатии Сарвари давлат гувоҳи арҷгузории Қаҳрамони Тоҷикистон ба қаҳрамонии қаҳрамонон аст
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?
Дар Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон коргоҳи коромӯзӣ барои устодон ва донишҷӯён ифтитоҳ ёфт
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан