Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Мақомоти фарҳанг ва сайёҳии Аморати Абу Забӣ мулоқот намуд

Июнь 17, 2025 08:52

ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Директори генералии Мақомоти фарҳанг ва сайёҳии Аморати Абу Забӣ Муҳаммад Солеҳ Ал-Ҷазирӣ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо бар зарурати таҳкими шарикӣ дар бахши сайёҳӣ байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон ва Аморот дар чаҳорчӯби санадҳои ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Мусоҳибон  ба мақсади афзоиши теъдоди сайёҳон ба мамлакатҳои ҳамдигар танзими вохӯриҳои машваратӣ байни  намояндагони мақомоти дахлдор, ширкатҳои сайёҳию ҳавопаймоӣ, ташкили брифинг ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷомеаи аморотиро муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб

Июнь 17, 2025 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид