Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Агар мо хоҳем муҷассамае барои ваҳдати худ гузорем, гумон мекунам ин муҷассама дар симову шахсияти Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайҳо зуҳур намудааст. Чеҳраи Пешвои мо худ чеҳраи ваҳдат аст, дасту бозуву ҷисму ҷонашон, нерӯву муҳаббати инсониву шаҳрвандиашон бо обу хоки ваҳдати ватан сиришта шудааст. Зеро ҳақиқат ин аст, ки Пешвои тоҷикон ваҳдатро бо ҷисму ҷони худ, бо ҷисму ҷони халқи худ пайваста бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт, чунин иброз намуд Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии «Ховар» Камол Насрулло дар мақолааш бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Матни пурраи мақола манзур мегардад.
— Мафҳумҳое барои миллати мо муқаддас, мисли озодӣ, яъне, Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамеша аз ҳам ҷудоинопазиранд. Мушкил аст як халқ ба ҳадафҳои волои худ, ба армонҳои миллии худ, бидуни Ваҳдати миллӣ, яъне, ягонагиву ҳамдилӣ ва якпорчагӣ бирасад. Беҳуда нест, ки дар солҳои аввали Истиқлоли давлатии мамлакатамон созмоне бо номи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил карда шуд. Бо назардошти хизматҳои шоиста дар роҳи пурмашаққати истиқрори сулҳу салоҳ, ваҳдату оштии миллӣ, якпорчагии сарзамин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро якдилона раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб намуданд.
Тамоми ҳаракату кӯшишҳои Сарвари тоҷикони соҳибистиқлол низ аз рӯзҳои нахуст дар тамоми ҷабҳаҳо барои баҳамоварии тамоми мардуми мамлакат ва ҷудоинопазирии ҳама маҳалҳои Тоҷикистон равона шуда буданд. Душманони мо ҳам, ки мехостанд ҷанги шаҳрвандиро дар давлати мо роҳандозӣ кунанд, умед ба парокандагии мардум, ихтилофи маҳалҳо ва маҳалгароӣ доштанд. Хушбахтона, хиради зотии мардуми тоҷик ва закои дурбинонаи Сарвари ватандӯсти тоҷикон тавонистанд пеши ин ин хатари марговар ба сарзамини биҳиштии моро бигиранд.
Боиси сарфарозии миллати мост, ки ваҳдати миллии халқи мо аз имтиҳонҳои гарони рӯзгор гузашт ва на инки барҳам нахӯрд, балки, баръакс обу тоб ёфту қавитар гардид. Баҳои воқеиро ба Ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами мо додаанд, ки дар суханони зер дурахшон падидор аст: «ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
Бубинед, воқеан чунин аст, зеро халқҳое, ки ба чунин ягонагиву якдилӣ расидаанд, ҳатто бо ҳама фишорҳои бегона, ҳатто бо маҳрумият аз давлатдорӣ ва таъзиқу кушторҳо солҳои сол арзи вуҷуд доранд, зеро ваҳдати бегазанду пойдор муҳофизи ҳамешагии онҳост. Ва ин хушбахтии мост, ки имрӯз миллати тоҷик соҳиби давлату Ҳукумати худ, обу хоки худ ва соҳиби ваҳдати миллии халқи некманишу хайрхоҳи худ аст.
Воқеан, Ваҳдати миллӣ чист? Ваҳдати миллӣ эҳсоси ягонагӣ, ҳамсириштӣ, ҳамдигарфаҳфӣ ва пойдории як халқ, як миллат аст. Барои ба вуҷуд омадан, шакл гирифтан, пойдор ва хусусан бегазанд гардидани худ як халқ ва миллат бояд ин ваҳдат, ин ягонагиро дар ҷисму ҷони худ аз кӯраи сӯзони асрҳо бигзаронад ва имтиҳонҳои гарони сарнавиштро бо пирӯзӣ пушти сар намояд. Чуноне ки миллати некманиши тоҷик имрӯз шарафманди Истиқлоли давлативу Ваҳдати миллӣ гардидааст.
Танҳо ҳамон вақт пирӯзии мавҷудияти як халқро метавон эътироф кард, ки ягонагӣ ва ё ваҳдати миллии ин халқ воқеан дар сиришт ва бунёди ӯ устувор шуда бошаду дар шараёнҳои равонаш ҷорӣ гардад; вожаи «ваҳдат» дар забони ӯ ҳамеша бо оҳанги мутантану пурифтихор, бидуни хастагӣ садо бидиҳад, мисли вожаи модар. Бубинед, вожаи модар ҳаргиз дар забони мо кӯҳнаву обшуставу дилбазан намегардад. Чаро? Зеро ки дар он муҳаббат, садоқат, баландтарин эҳтиром ва эҳсосоти мо ҳамеша зуҳур меёбад. Шабеҳи ин вожаи муқаддаси Ватан аст, зеро, вақте «Ватан» мегӯем, мисли модар азизтарин муқаддастарин зуҳуроти ҳастии худро дар назар дорем. Танҳо ҳамон вақте ки вожаи ваҳдат дар забони мо ҳамин мақомро воқеан мегирад, метавон чунин ҳисобид, ки мо ба мақсади баландтарини миллии худ, ба Ваҳдати миллӣ расидаем, ба дарки он ки бе ваҳдати миллӣ на Ватан пойдор асту на ягон муқаддасоти дигари он. Кафолати хушбахтӣ ва пойдории як миллат ва як халқ танҳо ҳамин ягонагӣ, якдиливу якҷисмуҷонии халқ аст.
Дарки оқилона ва бамавриди ҳамин ҳақиқати зиндагӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари он буд, ки ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолиятии Тоҷикистони азизамон аввалин иқдомашон таъсиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буд. Ва мо баъдан дидем, ки ин иқдом то куҷо саривақтӣ буду қимати ҳаётӣ дошт, зеро танҳо ба шарофати он ки ин ваҳдат дар байни халқи мо пойдор гардид, миллати мо бар ҳама хавфу хатарҳое, ки таҳдид ба Истиқлолияти давлатии мо доштанд, пирӯзӣ ба даст овард. Ва имрӯз ҳам халқи некманиши мо такя ба ваҳдати миллӣ ва ягонгии сокинони худ дорад. Зеро аз оғози бунёди Истиқлолияти давлатӣ тамоми чорабиниҳо, иқдомҳо ва барномаҳои далативу ҳукуматӣ дар сарзамини мо ба ҳамин ҳадафи баланд, ба Ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқамон равона шуда буданд.
Аммо бояд гуфт, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик миллатест, ки ваҳдату ягонагии инсонӣ дар сиришташ ҳамеша ҷо доштааст. Шумо бубинед, тамоми ойинҳову суннатҳову маросимҳои миллии мо худ кӯшише иқдоме, ҳаракате барои сарҷамъиву ягонагиянд. Метавонем ҳар суннату ойин ва маросими моро интихоб намудаву моҳияти онро таҳлил карда, ба сарҷамъии мардум, ба ҳамдиливу ҳамдардии халқ равона будани онро собит сохт.
Гирем, танҳо марсимҳои моро, фарз кардем, маросими Наврӯз ё маросими Меҳргон ва ё ҳар маросимҳои дигаррро. Аввалин шарти иҷрои онҳо баҳам омадани мардум, пайгирии мақсадҳо баланди инсонӣ дар ягонагӣ мебошад. Суннатҳову маросимҳои тоҷикӣ худашон вомедоранд, ки мардум ба ҳам оянд. Ҳар як ойини миллии мардуми мо ҳадафаш баҳамойии мардум, ҳамдиливу ҳамҷаворӣ аст. Аз ин рӯ, миллати моро метавон миллати ваҳдатсиришт донист. Дар ин асос мо мардуми ваҳдатсиришту ваҳдатшиори сарзамини соҳибистиқлоли тоҷик бояд Тоҷикистон — ватани азизамон, тамоми маҳалҳои онро мисли як пайкар, як ҷисму ҷон бишиносем. Ҷисме, ки дар он чунон ки Саъдии бузургвор гуфтааст: «Чу узве ба дард оварад рӯзгор, дигар узвҳоро намонад қарор».
Имрӯз, хушбахтона, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати Ваҳдати миллӣ роҳҳо ва нақбҳое бунёд гардиданд, ки мисли шараёнҳои ҳамеша пайванд мусоидат ба сарҷамъию ягонагии халқи кишварамон мекунанд. Аммо он чи ба мо эҳсоси ягонагӣ ва ҷудоинопазирӣ медиҳад, ҳамин ҳадафҳои волои миллӣ ва Ваҳдати миллии халқи накӯоинамон дар роҳи иҷро он хоҳад буд.
Ба андешаи банда, Тоҷикистони азизи моро бо ҳама гӯшаву канораҳояш бояд ҳамчун як ҷисми ягона, ҳамчун як пайкари ҷудоинопазир шинохт ва қабул кард. Ин ягонагӣ ҳамон нуқтаест, ки дар он хираду муҳаббати ин миллати некӯманиш дар ин сарзамин аҷдодӣ дар як равон ба ҳам меоянд.
Банда ин андешаро ҳанӯз дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ тараннум карда будам:
Эй Меҳани ман, Меҳани ман, Меҳани ман!
Ҳар узви замини туст узви тани ман!
Як шонаи ман агар Бадахшон бошад,
Як шонаи дигарам Зарафшон бошад!
Як синаи ман агар ки Кӯлоби ман аст,
Як синаи ман Ҳисори шодоби ман аст! …
Ва дар ин суруда тамоми маҳалҳои Тоҷикистони азиз мисли узвҳои як пайкар, узвҳои ҷисми ягона ҷудоинопазир ба тасвир омадаанд. Имрӯз воқеан чунин аст: дар пешорӯи замонаҳои ноамну фалокатбор, дар муқобили таҳдиди хатарҳои ғайричашмдошти таърих Тоҷикистони азизи мо мисли як пайкар, як ҷисму ҷони қавӣ ва эътимоддошта ба худ бояд қомат афрозаду истодагарӣ кунад ва ин танҳо ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқамон даст хоҳад дод.
Имрӯз агар аз мо, аз мардуми шаҳди ваҳдатро чашида бипурсанд, ки ваҳдат чист, мо бидуни таъхир ҷавоб хоҳем дод, ваҳдат осмони соф, зиндагии орому тинҷ, чеҳраҳои хушбахти инсонҳост. Ваҳдат сулҳ аст, ягонагист. Ваҳдат тифлакони хурраму шод, дӯстиву бародарӣ, ҳамдиливу ҳамҷаворӣ, муттакову дастгири ҳамдигар будан аст. Ҳатто ҳамон лаҳзае, ки мо ин вожаҳоро ба забон меорем, бубинед, чи қадар сафо, умед, тароватҳои нишотангез аз онҳо ба дили мо мерезанд
Ваҳдат мисли як сарчашмаест, сарчашмаи поку зулолу шодобу фараҳбахш. Ҳамон сарчашмае, ки аз он ҷӯйбору рӯдҳои зиёде оғоз мегиранд, ҷорӣ мешаванд, ҳам ташнагии моро мешикананд, ҳам зиндагии моро шодоб месозанд. Аз шукӯҳу таровати онҳо ҳама ҷо сарзабзу шукуфон, ҳама ҷо борвару пурфайз мегардад. Ҳамин сарчашма аст, ки зиндагии моро низ сабзу хурраму шукуфон медорад. Ҳамин сарчашма аст, ки моро, имрӯзу ояндаи моро зиндаву поянда медорад. Аслан шарофати зиндагии мо, ҳосили дарахтони мо, ҳосили зироатҳои мо, покиву озодагии мо, тани сиҳату сари баланди мо, аз ҳамин сарчашмаи зиндагофар аст. Оре, Ваҳдати миллии моро метавон ба ҳамин сарчашма шабоҳат дод.
Ваҳдати миллӣ кафили ҳастии мову миллати мост. Аз ин рӯ ҳамин ваҳдат аст, ки моро сарварӣ мекунад, ҳамин ваҳдат аст, ки раҳнамои мост. Ваҳдат моро масъул ва вазифадор мекунад, ки онро пойдор дорем, зеро муттакои мост, зеро бе ӯ ҳастии мо зери хатари шубҳаву ноумедиҳо мемонад.
Миллати некӯманиши мо, ки ҷабри парешониву нотифоқиҳоро на кам дидааст, бештар аз ҳар миллати дигар моил ба ягонагиву ваҳдат аст. Ҳамин асос шуд, ки Ваҳдати миллӣ ба мардуми тоҷик муяссар гардад . Албатта, нақши барҷаставу дурахшони Пешвои муаззами миллатро дар ин маврид наметавон нодида гирифт.
Ин чиз мусаллам аст, ки зиндагии инсон танҳо бо ваҳдат назму низом дорад ва пойдор аст. Азбаски асоси табиат ва коинот дар ваҳдат аст, аз ин рӯ, танҳо миллате метавонад комил бошад, ки ба ваҳдати худ расида бошад. Агар асоси ҳар бино, пойдевору сутунҳои он набошанд, гумон аст бино қомат афрозаду пойдор бимонад. Ин асос, ин сутун барои қомат афрохтани ҳастии ҳар миллат танҳо ягонагӣ ва ваҳдати он халқу миллат аст. Танҳо халқе, миллате метавонад худро бунёд гузорад, ки ваҳдати комили худро бунёд гузоштааст, хусусан дар ин замони набардҳои шадид.
Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистони азизи мо Пешвое дорад, ки омилҳои номбурдаро сармашқи кори худ намудааст ва он фирӯзиҳое, ки халқи мо дар бунёди Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи навини Тоҷикистон ба даст овардааст, маҳз бо риоя ва амалӣ намудани ин омилҳои тақдирсоз таҳти сарварии ӯ ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар бунёди ваҳдат, таҳким ва ҳимояи он мо бояд сифатҳои зотӣ, одобу анъанаву суннатҳои халқамонро ба назар гирем, ки бе донистани он шояд мо натавонем бинои ваҳдатро бе костиҳо бунёд кунем. Халқи мо халқест некманиш, хайрхоҳ, ва дар баробари ин содадилу зудбовар ва дар оғози истиқлолият душманонаш тавонистанд аз ин истифода кунанд. Ва дар таърихи куҳанаш ҳам ин хушбовариҳо на ба манфиати ӯ будааст ва инро мо бояд чун сабақ дар ёд дошта бошем.
Дар «Фарҳанги форсӣ»-и Доктор Муҳаммад Муъин низ ваҳдат яке будан, ягона будан, ягонагӣ, иштироки гурӯҳе дар як марому мақсад, иштироки ҳамаи афроди як миллат дар амал ва мақосид, чунон ки ба манзалаи маҷмӯаи воҳидӣ маънидод мешавад. Дар ҳама маврид ин вожа моро ба ягонагиву сарҷамъӣ мехонад.
Мирзо Абдулқодири Бедил дунёро ваҳдатобод меномад, яъне дунё аз тартибу низоми ягонагии табиату рӯзгор иборат ва обод аст:
Дар ин ваҳдатободи нусратбаҳор,
Зи ҳар ҷузв айни кул аст ошкор.
АКС: АМИТ «Ховар»