Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби навбатии узви Конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика, нависандаи тоҷик Абдурофеъ Рабизода (Шераки Ориён) нашр гардид.
Тавре муаллиф ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар китоби нав қиссаву ҳикояҳое, ки ба 43 забони олам тарҷума ва нашр гардидаанд, гирд оварда шудаанд. Дар китоби «Қисса ва ҳикояҳо» хонанда метавонад, қиссаву ҳикояҳои «Достони дил», «Кӣ ба мақсад мерасад?», «Муҳаббат ва ҷавонмардӣ», «Дӯстон ҷонӣ бояд чӣ гуна бошанд?», «Афсонаи маҳтобӣ», «Меҳрнигор» ва ғайраро мутолиа намоянд.
Ҳар як қиссаву ҳикояи дар китоб ҷой дода шуда, фалсафаи зиндагиро дар бар гирифта, муаллиф бо обу ранги бадеӣ онҳоро тасвир намудааст. Инчунин, китоб бо забони равону содаи мардумиву ороиши бадеии аз ҳар ҷиҳат диққатҷалбкунанда эҷод шудааст, ки шаҳодати маҳорати баланди эҷодӣ доштани муаллифи он мебошад.
Бояд гуфт, ки Абдурофеъ Рабизода узви Конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика буда, муаллифи 42 филми бадеӣ ва санадию фалсафӣ мебошад. Эҷодиёти ӯ ҳафт ҷоизаи байналхалқиро сазовор гардидааст.
Ӯ муаллифи зиёда аз сад китоби нашршуда мебошад. Асарҳояш ба зиёда аз чил забони хориҷӣ тарҷумаю нашр гардидаанд, аз ҷумла ба англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, ҳинду, урду, полякӣ, узбекӣ, қазоқӣ, украинӣ, беларусӣ, чехиву олмонӣ, арманиву гурҷӣ, испаниву арабӣ ва ғайра.
Филмҳои Абдурофеъ Рабизода, ба мисли «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр», «Насл» ва ғайра имрӯзҳо маъруфу машҳур гардидаанд.
Филми «Дӯстонро намефурӯшанд» («Аспи охирини шаҳр») аз ҷониби 28 кишвари ҷаҳон харидорӣ гардида, дар Кинофестивали Рига (соҳили Балтика) соҳиби ҷоиза гардида буд.
Филми дигари нависанда «Марди мутааллиқи ду зан» дар даҳаи навади қарни бист дар кинофестивалҳои АвруОсиё, Фаронса ва Амрико чор ҷоизаро сазовор гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд






