Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи саноат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад
ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсати худ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мақсади идома додани татбиқи самти стратегии муайянкардаи сарони кишварҳои ИДМ оид ба рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, инчунин таъмини муттаасили дастурҳои пешбинишударо дорад. Ин матлабро Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар ҷаласаи навбатии Шуро оид ба сиёсати саноатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 4 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иброз дошт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар медиҳад, Шералӣ Кабир баргузории ин нишастро дар Тоҷикистон фурсати муносиб барои муаррифии мамлакат, шиносоӣ бо зарфият ва дурнамои рушди он дар соҳаи саноат арзёбӣ намуд.
«Иттиҳод барои Тоҷикистон як механизми муҳими татбиқи ҳамкории бисёрҷониба буда, он формати маъмули ҳамкории байни давлатҳои аъзо боқӣ мемонад», — афзуд Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 11-уми Шуро оид ба сиёсати саноатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






