Ёдгориҳои ёфтшуда аз шаҳристони Ҳулбук арзиши баланди илмӣ дошта, дар байни таҳқиқоти солҳои охир беназир маҳсуб мешаванд
ДУШАНБЕ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/ Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳристони Ҳулбук ковишҳои бостоншиносии мустақилонаро идома дода, дар натиҷаи он садҳо ашёи гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ, аз қабили пораҳои зарфҳои шишагӣ, зарфҳои сафолии ороишӣ ва оддӣ, хиштҳои гуногунандоза, ҳалқаҳои мисию биринҷӣ, мехҳои оҳанин ва мисӣ, ҳайкалчаи баррача ва осори фаъолияти ҳунармандон дар коргоҳҳои қадимӣ, ба монанди маъдангудозӣ, шишасозӣ, хиштпазӣ ва кулолгарӣ, пайдо карда шуданд.
Корҳои кофтуков дар қисмати шимолу ғарбии шаҳристони қадимӣ дар масоҳати 100 метри мураббаъ анҷом дода шуда, аллакай ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
Хосияти хос ва арзиши баланди илмӣ доштани баъзе аз ёдгориҳои ёфтшуда, аз ҷумла катибаҳои куфӣ бо забони арабӣ ва ангуштарии тиллоӣ, ин ковишҳоро дар байни таҳқиқоти солҳои охир беназир мегардонад. Катибаҳо дар дохили шоҳкосаи сафолӣ ҷойгир буда, ангуштарии тиллоӣ, ки аз асрҳои миёнаи исломӣ эҳтимол дорад, бо вуҷуди нопурра буданаш (набудани нигин), ҳолати хуби ҳифзшуда дорад.
Мутахассисон бар онанд, ки ин кашфиёт барои боз ҳам беҳтар омӯхтани таърихи шаҳристони Ҳулбук — шаҳри ҳунармандон — мусоидати ҷиддӣ менамояд ва заминаи устуворе барои таҳқиқоти минбаъдаи илмӣ фароҳам месозад.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид






