Дар Истаравшан ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан 267 нафар ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иттилоъ доданд.
Аз 267 нафар — 60 нафар ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», 87 нафар ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва 120 нафар ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» мебошанд. Ба ғолибони озмунҳо ба маблағи умумии 165 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.
Инчунин ба омӯзгороне, ки шогирдонашон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, сипосномаю туҳфаҳои пулӣ ва ба иштирокчиёни фаъол ва волидайне, ки дар тарбия ва муваффақияти фарзандонашон саҳм гузоштаанд, сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд






