Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 18,1 миллиард сомонӣ расид
ДУШАНБЕ, 17.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 18,1 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиш 132,8 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар ин давра миқдори маҳсулоти истеҳсолшаванда ба 253 номгӯй расонида шуд. Дар соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 6,1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, суръати афзоиш 110,5 фоиз таъмин гардид. Масоҳати кишти зироат 262,8 ҳазор гектарро ташкил дод.
Ҳаҷми сармоягузории асосӣ ба иқтисодиёти вилоят ба 1,3 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиш 104 фоиз таъмин гардид.
Дар соҳаи сохтмон 215 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд. Дар соҳаи нақлиёт 23 миллион тонна бор ва 155,5 миллион мусофир кашонида шуд.
Ҳамзамон ҳаҷми гардиши савдо ба 10 миллиард сомонӣ расида, содирот 727,2 миллион доллар ва воридот 1,3 миллиард долларро ташкил дод. Нақшаи даромади буҷет 107,5 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 3,1 миллиард сомонӣ ворид гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






