Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд

Июль 11, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 11.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 июл дар доираи Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 дар шаҳри Тянзини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди давлатҳои аъзои Созмон баргузор шуд, ки дар он ҳайати мамлакат бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Завқӣ Завқизода дар ҷаласа иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай аҳамияти махсус медиҳад. Дар натиҷа ҳиссаи кишварҳои аъзои Созмон дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон то 72 фоиз зиёд шуд.

Инчунин Вазири рушди иқтисод ва савдо аз ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати ташкили чунин платформаи муҳими ҳамгироӣ ва табодули таҷриба арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки дар замони муосир рушди иқтисоди рақамӣ ба сифати нерӯи ҳаракатдиҳандаи рушди устувори иқтисодӣ баромад мекунад.

Таъкид гардид, ки имрӯз ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонӣ ба беш аз 15 фоиз расида, ин нишондиҳанда дар солҳои наздик 20 фоизро ташкил хоҳад дод.

Завқӣ Завқизода дастовардҳои кишварро дар самти рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ муаррифӣ намуда, изҳор дошт, ки бо назардошти аҳамияти калидии ин самт дар мамлакат солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд.

Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иқдомҳои муҳим, аз ҷумла қабули ҳуҷҷатҳои стратегӣ, таъсиси сохтори нави соҳа, ҷорӣ гардидани платформаҳои рақамӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, рақамигардонии хизматрасониҳои низоми «Шаҳри ҳушманд (Smart city)-и Душанбе» ва рушди стартапҳои рақамии дорои нуфузи байналмилалӣ zypl.ai амалӣ гардидаанд.

Дар доираи ин чорабинӣ вохӯриҳои кӯтоҳи ҳайати мамлакат бо мири шаҳри Тянзин Чжан Гун ва муовини сарвазири Мянма Мя Тун У баргузор шуда, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 11, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад