Ҷаласаи чоруми Комиссияи Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории илмӣ ва техникӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чоруми Комиссияи Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории илмӣ ва техникӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Дар ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки мулоқоти имрӯза на танҳо идомаи ҳамкории судманди мо, балки қадами муҳим дар самти таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи илм, технология ва инноватсия мебошад. Дар солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ беш аз 200 созишномаи байнисоҳавӣ ба имзо расид, ки ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла дар соҳаи илму техникаро дар бар мегиранд.
Иброз гардид, ки Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Чин, ки соли 2017 ба имзо расида буд, инчунин протоколҳои ҷаласаҳои комиссияи байниидоравӣ, ки заминаи қолаби шарикии устувор ва системавиро гузоштанд, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ аҳамияти хосса доштанд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун мақоми пешбари ҳамоҳангсози соҳаи илм сиёсати давлатиро дар соҳаи илм ва техника тибқи стратегия ва барномаҳои дарозмуддат амалӣ менамояд. То имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 20 самти афзалиятноки илмӣ, аз ҷумла идоракунии устувори табиат ва ҳифзи муҳити зист, биотехнология ва фармасевтика, амнияти энергетикӣ ва захираҳои об, табдили рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва технологияҳои геоинформатсионӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва таҳқиқоти биотиббӣ муайян карда шудааст.
Муовини Вазири илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Ҷиачанг аз ҳамкории илмии вусъатбахши муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба дурнамои рушди ҳамкории илмӣ дар оянда андешаҳои худро баён намуд. Чен Ҷиачанг иброз дошт, ки мо бояд ҳамкории худро дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда, дар самти илмҳои дақиқ ва риёзӣ иқдоми наҷибро амалӣ намоем, то дар ин самт ба дастовардҳои арзишманд ноил гардем.
Иштирокдорони ҷаласа доир ба самтҳои афзалиятноки соҳаи илм фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Дар анҷоми ҷаласа байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Чин Ёддошти тафоҳуми нав ба имзо расонида шуд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон









Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид






