Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ баррасӣ гардид

Июль 15, 2025 09:38

ДУШАНБЕ, 15.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Узбекистон Ҳилола Умарова дар Тошканд баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, раванди ислоҳоти соҳа ва таъсиси гурӯҳҳои кории муштарак байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Узбекистонро баррасӣ намуданд. Инчунин доир ба вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар самти таълиму тарбия ва нашри китобҳои дарсӣ изҳори андеша карда шуд.

Ҳилола Умарова равобити дуҷонибаро мусбат арзёбӣ карда, барои қабули 20 нафар директорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ҷиҳати ройгон гузаштан аз даври такмили ихтисос дар Маркази таълимии ба номи Авлонии шаҳри Тошканд ризоият дод. Ҳамзамон аз Сафири Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки аз тариқи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯйхати иштирокчиёнро барои қабули ҷониби кишвари иқомат ирсол намояд.

Ҷонибҳо барои омода намудани «Харитаи роҳ» байни ду муассисаи низоми маориф ба мувофиқа расиданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Июль 15, 2025 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд