Ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мубориза бо коррупсия тақвият меёбад

Июль 31, 2025 08:28

ДУШАНБЕ, 31.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 июл вохӯрии роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Агентии муқовимат ба коррупсия ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вохӯрӣ бо мақсади татбиқи талаботи нақшаҳои чорабиниҳо оид ба амалисозии Созишномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026 ва Ёддошти тафоҳум барои солҳои 2024-2025, ки байни ҳар ду ниҳод ба имзо расидаанд, баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон имкон медиҳанд, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мубориза бо коррупсия ҳамкории самаранок анҷом дода шавад.

Ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои судманд дар самти муқовимат ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионии фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои густариши равобит дар чаҳорчӯби санадҳои ҳамкории дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ду рӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия баргузории семинари омӯзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Зимни он ҷониби узбекистонӣ бо сиёсати зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва натиҷаҳои ноилгардидаи Агентӣ дар ин самт шинос мешавад.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Июль 31, 2025 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»