Ба дарёи Қаратоғ 3700 гулмоҳии нодири амударёӣ сар дода шуд

Июль 20, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 20.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамоиши  «Мубодилаи таҷриба дар соҳаи маърифат ва фарҳанги экологӣ» ба дарёи Қаратоғ 3700 моҳичаи намуди гулмоҳии нодири амударёӣ сар дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиш бо иштироки Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо ҷалби ташкилоти ҷамъиятии экологӣ, муассисаҳои таълимӣ, кормандони зерсохторҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ва аҳолии маҳаллӣ дар «Маркази экологии Боғи табиии таърихии Ширкент», воқеъ дар деҳаи Лаби Ҷай баргузор карда шуд.

Зимни ҳамоиш дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги экологӣ табодули андеша доир гардид. Ҳамзамон бо ҷалби мактаббачагони деҳаи Лаби Ҷай ва волонтёрони Кумита ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 20, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид