Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид

Июль 9, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 09.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл ба Ганҷинаи дастнависҳои Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров Меҳриннисо Очилова беш аз 100 нусхаи нодир аз китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Ин китобҳо ва дастнависҳо аксаран ба асрҳои XIX ва аввали асри XX мансубанд. Дар байни онҳо нусхаҳои чопи сангии китобҳои адабӣ, ахлоқӣ, тибб, фиқҳӣ, дарсӣ ва луғатномаҳо низ мебошад. Нусхаҳои дастхатҳо бо хатти настаълиқ, шикаста ва насх ба зебоии хос сабт шудаанд. Бештари онҳо  дар марказҳову нашриётҳои маъруфи чопи сангӣ, ба монанди Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Қазон, Лоҳур, Ҳинд ва Теҳрон нашр гардидаанд.

Маркази мероси хаттӣ  мақсад  дорад, ки коллексияи эҳдошударо пурра рӯйхат ва тавсиф намуда, дар феҳристҳои махсус ворид намояд ва ба муҳаққиқон муаррифӣ кунад. Ҳамзамон дар оянда намоиши вижаи китобҳои эҳдошудаи Меҳриннисо Очиловаро ба нақша гирифтааст.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки кори анҷомдодаи профессор Меҳринисо Очилова бисёр арзишманд, омӯзанда ва қобили таҳсин мебошад.

Ин иқдом дар ҳифзу нигаҳдорӣ ва бақои мероси гаронбаҳои хаттии халқи тоҷик нақши муассир мегузорад. Эҳдои чунин коллексияи арзишманд на танҳо барои ғанӣ гардонидани ганҷинаҳои илмии мамлакат, балки барои рушди таҳқиқотҳои хатшиносӣ, матншиносӣ ва таърихи илм дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 9, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд