Байни Тоҷикистон ва Муғулистон дар соҳаи кишоварзӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Июль 24, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 24.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар доираи Ёддошти тафоҳум ҳамкориро дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ, механиконии истеҳсолоти кишоварзӣ, истеҳсоли тухмӣ, татбиқи технологияи инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ҳимояи растанӣ аз касалию зараррасонҳо, мелиоратсияи замин, банақшагирии истифодаи замин, таҳқиқоти хок ва системаи обёрӣ, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, назорати фитосанитарӣ ва байторӣ густариш медиҳанд.

Инчунин ҷонибҳо ҳамкории илмӣ-техникӣ ва иқтисодиро дар соҳаи кишоварзӣ таҳким мебахшанд.

Дар доираи ин Ёддошти тафоҳум Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти татбиқи технологияҳои нав дар истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва растанипарварӣ, дастгирии корхонаҳои муштарак, инчунин ташкили намоишгоҳҳо, давраҳои омӯзишӣ, конфронс ва симпозиумҳо ҳамкорӣ менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июль 24, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд