Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид

Июль 2, 2025 14:35

ДУШАНБЕ, 02.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн басти дуюми истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Файзи истиқлол», воқеъ дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид, ки дар он 455 нафар наврасон ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори истироҳатгоҳи тобистонаи «Файзи Истиқлол» Бахтиёр Расулов иттилоъ дод.

Истироҳатгоҳ бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шуда, кӯдакону наврасон дар ин ҷо ҳар рӯз ба бозиҳои гуногуни шавқовари варзишӣ машғул мешаванд. Мураббиён кӯдакону наврасонро дар руҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия менамоянд, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд.

Бояд гуфт, ки иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия намудани кӯдакон равона гардидааст.

«Дар натиҷаи ин саъю талошҳо, ҳаёти кӯдакони мамлакат сол аз сол беҳтару рангинтар гардида, ҳамасола дар мавсими тобистон барои истироҳати бофароғати онҳо шароити мусоид фароҳам мегардад»,-изҳор дошт Баҳтиёр Расулов.

Омӯзгороне, ки дар ин истироҳатгоҳ масъул ҳастанд вобаста ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон, бемориҳои сироятӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, тарбияи ватандӯстӣ, интизом ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар байни наврасон ва кӯдакон вохӯрию суҳбатҳо ташкил менамоянд.

Ҳамчунин барои истироҳати бофароғати кӯдакону наврасон озмунҳои «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ ва сайру сайёҳат гузаронида мешавад.

«Дар истироҳатгоҳ кӯдакон субҳро соати 6:30 бо машқҳои пагоҳӣ оғоз намуда, соати 7:30 субҳона мехӯранд. Сипас ба шоҳмот, футбол, волейбол ва дигар бозиҳои варзишӣ машғул мешаванд. Дар ин ҷо ҳавзҳо мавҷуданд, ки дар онҳо истироҳаткунандагон оббозӣ карда, обутоб меёбанд. Расо соати 21:30 ҳама ба хоб мераванд, то саҳар бо қувваи нав ба машқҳои пагоҳирӯзӣ бархезанд. Кӯдакону наврасон дар ҳар як баст 12 рӯзи истироҳату фароғат менамоям»,- афзуд Бахтиёр Расулов.

АКС: Истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол»

 

Июль 2, 2025 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд