Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 05.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 июли соли равон дар доираи 23-юмин нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ (IFSB), муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода бо Дабири кулли Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ Ғиёс Шабсиғ мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ, пешбурди молияи исломӣ, татбиқи стандартҳои байналмилалии IFSB-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин доир ба таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои барориши сукук (коғазҳои қиматноки исломӣ), дастрасӣ ба захираҳои техникиву молиявӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи молия ва бонкдории исломӣ табодули назар намуданд.
Фируз Шарифзода иброз намуд, ки рушди молияи исломӣ дар мамлакат ҳамчун як самти стратегии афзалиятнок барои фарогирии молиявӣ, диверсификатсияи бахши молиявӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои мутобиқ ба принсипҳои молияи исломӣ аҳаммияти калон дошта, Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, омӯзиши мутахассисон ва татбиқи маҳсулоти исломӣ корҳои назаррас анҷом додааст.
Дабири кулли IFSB Ғиёс Шабсиғ омодагии Шуроро барои таҳияи стандартҳо, баргузории омӯзишҳои муштарак ва дастгирии техникӣ ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ баён намуд.
Зимни суҳбат иброз гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон на танҳо мақоми танзимкунандаи низоми бонкӣ, балки мақоми танзимкунандаи соҳаи суғуртаи кишвар, аз ҷумла суғуртаи исломӣ (такафул) низ мебошад. Дар робита ба ин, ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дар омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар соҳаҳои такафул, сукук, фишангҳои монетарии исломӣ ва технологияи молиявии исломӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак расонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2010 узви IFSB буда, намояндагони он дар гурӯҳҳои кории созмон фаъолона иштирок менамоянд. Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB ба таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва танзиму назорати молияи исломӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5600 то 9.5700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид






