Чӣ гуна худ ва наздиконамонро аз бемориҳои ғайрисироятӣ ҳифз намоем?
ДУШАНБЕ, 26.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бемориҳои ғайрисироятӣ ба монанди фишорбаландӣ, диабети қанд, бемориҳои дил, фарбеҳӣ ва саратон имрӯз дар тамоми ҷаҳон зиёд шудаанд.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ҳамасола зиёда аз 41 миллион нафар аз бемориҳои ғайрисироятӣ вафот мекунанд, ки ин беш аз 71%-и ҳамаи ҳолатҳои фавтро ташкил медиҳад. Бештари онҳо одамони синну соли миёна ва калонсолон ва дар баъзе ҳолатҳо, мутаассифона ҷавонон ҳастанд.
Ин бемориҳо аз одам ба одам намегузаранд, вале сабабҳои асосии он дар замони муосир одатан дар натиҷаи тарзи нодурусти ҳаёт ба вуҷуд меоянд, ки инҳо мебошанд:
— Хӯрдани зиёди хӯрокҳои равғанин, намакдор, шириниҳо ва хӯрокҳои тезтайёр;
— Камҳаракатӣ ва нишастан дар якҷо соатҳои зиёд;
— Тамокукашӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ;
— Стресс, хастагӣ ва хоби нокифоя;
— Беаҳамиятӣ ба саломатӣ ва аз муоинаи тиббӣ нагузаштан, инчунин ба худтабобаткунӣ машғул шудан.
Чӣ бояд кард, то бемор нашавем?
Мо бояд хӯроки солим истеъмол намоем. Яъне бештар сабзавот, мева, гӯшти моҳӣ ва дигар намуди ғизоҳои сабук ва табиӣ истеъмол карда, намак, равған, гӯшти бирён ва шириниро камтар истеъмол намоем. Ҳамчунин аз хӯроки кӯчагӣ (хусусан дар ҳавои гарм) ва маҳсулоти муҳлаташ гузашта худдорӣ кунем.
Бисёртар серҳаракат бошем ва ҳар рӯз на кам аз 30 — дақиқа роҳ равем ё машқи бадан кунем ва дар ҳавои тоза сайругашт намоем.
Аз одатҳои зараровар, аз ҷумла истифодаи тамоку ва машруботи спиртӣ даст кашем ва ба фарзандон низ вобаста ба паёмади он маълумот диҳем.
Бо стресс мубориза барем, худро ором нигоҳ дорем, бо аҳли оила суҳбат кунем, китоб хонем, мусиқӣ гӯш намоем ва шабона бояд на кам аз 7 соат хоб равем.
Фишори хун, шакар, вазн ва саломатии дилро, ҳатто агар худро хуб ҳис намоем ҳам, соле як маротиба тафтиш кунем.
Нишонаҳои авалини бемориҳои ғайрисироятӣ инҳо мебошанд: Сардӣ, хастагӣ, дарди сар, фишори баланд, ташнагӣ ва пешобравии зиёд (нишонаи диабет), вазни зиёдатӣ, нафастангӣ, дарди дил, кам шудани иштиҳо, рангу рӯйи зард, харобшавӣ ва монанди инҳо…
Хулоса, бемориҳои ғайрисироятӣ хомӯшона пайдо мешаванд, вале бисёр хатарнок мебошанд. Агар ҳар яки мо ба ғизо, ҳаракат, хоб ва саломатиамон диққат диҳем, онгоҳ мо метавонем солҳои тӯлонӣ ва сиҳат умр ба сар барем, чунки беҳуда намегӯяд:
Тандурустии миллат — сарвати бебаҳост!
Султон РАҲМОНЗОДА,
Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд








Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 қариб 180 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд
ОГОҲӢ. То 14 феврал дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ» баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор зан роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аст
Дар Ёвон оид ба нақши волидайн ва омузгор дар таҳкими фарҳанги тарбия ва худшиносии фарзандон ҳамоиш доир шуд
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд






