Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст

Июль 2, 2025 10:39

ДУШАНБЕ, 02.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,  аз 3 то 7 июл дар мамлакат ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ ва омадани селҳои пиряхӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо гармии ҳаво аз 34 то 47 дараҷа  пешгӯӣ мешавад. Баҳри ҳифзи саломатӣ дар чунин рӯзҳо чӣ бояд кард?

Бо расидани мавсими тобистон, ҳарорати  ҳаво баланд шуда, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Гармии шадид на танҳо нороҳатӣ меорад, балки метавонад боиси бемориҳое чун гармизадагӣ, хастагӣ, камобишавии бадан ва ҳатто хатарҳои ҷонӣ гардад. Аз ин рӯ, донистани роҳҳои дурусти муҳофизат аз гармӣ барои ҳар як шахс муҳим аст.

— кӯшиш кунед, ки дар зери нури бевоситаи офтоб кам гардед. Сарпӯш пӯшед ва метавонед аз чатр низ истифода баред;

— агар дар заминҳои наздиҳавлигӣ кор карданӣ бошед, пас онро то соати 11-и рӯз анҷом диҳед ва ҳатман танаффуси  кӯтоҳ низ кунед;

— ба қадри кофӣ моеъ бинӯшед, аммо на нӯшокиҳои сард аз яхдон, балки оби гарм ё аз ҳама беҳтараш чойи сабз;

— Бештар меваю сабзавот истеъмол кунед. Аз хӯрокҳои бисёр тунд ва равғанӣ худдорӣ намоед. Аз дӯконҳое, ки бо дастгоҳҳои сардкунӣ муҷаҳҳаз нашудаанд, маҳсулот харидорӣ накунед, зеро маълум нест, ки онҳо чӣ қадар дар гармӣ буданд;

— дар рӯзҳои гарм либосҳоро аз матоъҳои табиӣ ва сабук интихоб кунед, беҳтараш бо ранги равшан. Вақте ҳарорати ҳаво аз +28 °C боло меравад, беҳтар аст, ки бе эҳтиёҷот берун набароед. Хусусан, вақте тобиши Офтоб беҳад баланд аст — аз соати 11 то 17;

— дар авҷи гармӣ худро бо фаъолияти ҷисмонӣ азият надиҳед. Тавре мутахассисисон иброз медоранд, дар вақти гармӣ рагҳои дар пӯст ҷойгиршуда васеъ мешаванд, набз ва нафаскашӣ тез мегарданд. Аксар вақт фишори хун паст мешавад. Аммо механизми асосии танзими ҳарорати бадан ҷудокунии арақ аст, ки бо гармии аз ҳад баланд зиёд мешавад. Масалан, дар ҳарорати ҳаво то +30 °C ва болотар аз он, арақкунӣ 4-5 маротиба зиёд мегардад. Дар рӯзи гарм, талафоти намӣ бо бори миёнаи ҷисмонӣ дар ҳаво аз 2 то 6 литрро ташкил медиҳад. Ва ин аллакай боиси камобӣ дар бадан мегардад;

— дар рӯзҳои гарми тобистон одамон ба оббозӣ мераванд. Аммо ҳатто дар ин ҷо низ нозукиҳо мавҷуданд. Илова ба қоидаҳои маъмулан қабулшудаи рафтор дар об, фаромӯш набояд кард, ки оббозӣ дар субҳ ё шом беҳтар аст. Ғайр аз он, ҳарорати об набояд аз +17 …+19 °С паст бошад (дар ҳарорати сардтар будан хатарнок аст);

— дар чунин ҳаво ҳеҷ чиз ҷойи ҳавополонро гирифта наметавонад. Дар дохили бинои дорои ҳавополон зери мавҷи мустақими ҳавои хунук нанишинед. Ҳавополонро дар ҳарорати на кам аз 18 дараҷа монед;

— Шахсони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо дар мавриди истеъмоли доруҳо бояд ба табиб муроҷиат намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 2, 2025 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд