Чаро дар Тоҷикистон нархи картошка гарон аст? Маҳдуд кардани дахолати миёнаравҳо имкон медиҳад, ки кишоварзон маҳсулоти худро бевосита ба бозор бароранд

ДУШАНБЕ, 17.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон 267 ҳазору 929 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 819 тонна зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои ин вазорат, ба ҳолати 5 июли соли равон дар 36 ҳазору 505 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ картошка кишт карда шуд.
Бо вуҷуди афзоиши бесобиқаи истеҳсоли картошка дар Тоҷикистон нархи он дар бозорҳои мамлакат то имрӯз гарон боқӣ мондааст. Имрӯзҳо дар бозорҳои мамлакат нархи картошка ба ҳисоби миёна аз 5 то 7 сомонӣ мебошад, ки ин барои аксари сокинон гарон арзёбӣ мешавад.
Масъулини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иброз медоранд, ки баландшавии нарх хусусияти мавсимӣ дорад. Дар айни замон ҷамъоварии ҳосил дар шаҳру ноҳияҳои картошкапарвар идома дошта, бо пурра ҷамъоварӣ гардидани ҳосили картошка ва воридоти он нархи картошка ба меъёр медарояд. Масъулин иттилоъ доданд, ки давоми ҳафтаи охир нархи картошка нисбат ба ҳафтаи пеш 1 сомонӣ арзон шудааст.
Аммо сокинон то ҳол аз гарон будани нархи картошка изҳори нигаронӣ мекунанд. Сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ҷамолбӣ Салимова дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки дар оилаҳои тоҷик маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла картошка зиёд истифода мешавад. «Мо картошкаро нисбат ба дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бештар харидорӣ мекунем. Имрӯзҳо ин навъи маҳсулотро аз мағозаҳои назди биноҳои истиқоматӣ ба маблағи 7 сомонӣ ва аз бозорҳои калон бо нархи 5-6 сомонӣ харидорӣ мекунем, ки албатта, гарон аст»,-мегӯяд Ҷамолбӣ Салимова.
Дар ҳамин ҳол фӯрушандаи «Бозори Балх»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳикмат Азизуллозода, ки картошкаро бо нархи 6 сомонӣ мефурӯхт, дар суҳбат бо мо гуфт, ки агар мо маҳсулотро аз бозорҳои яклухт бо нархи арзон дастрас намоем, албатта, мо низ арзон мефӯрушем.
«Агар мо картошкаро ба таври яклухт бо нархи 5 сомонӣ харидорӣ намоем, 5 сомону 50 дирам ё 6 сомонӣ мефӯрушем. Нархгузории картошка аз теъдоди истеҳсоли он вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ ин ҷо гап сари истеҳсоли картошка меравад. Агар истеҳсоли маҳсулот зиёд бошад, нарх, албатта, арзон мешавад»,-андеша дорад ҳамсуҳбати мо.
Сокини дигари пойтахт Кароматулло Шокирзода мегӯяд, ки «ҳамагон медонанд, ки агар маҳсулот зиёд бошад, он арзон мешавад. Деҳқонону соҳибкорон низ дар ҳолати фаровонии маҳсулот, новобаста аз он ки бо чӣ қадар хароҷот ҳосил ба даст овардаанд, онро ба сокинон арзон мефӯрушанд. Зеро дар ҳолати ба муддати зиёд нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум он метавонад талаф ёбад».
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки мо набояд пайваста ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзон умед бандем. Балки ҳар нафаре, ки замини наздиҳавлигӣ дорад, бояд дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистонро оид ба истифодаи оқилонаи замин амалӣ намояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки бояд шаҳрвандони мамлакат аз ҳар қитъа замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигию президентӣ ва заминҳои байни боғҳо самаранок истифода намоянд. Тамоми кӯшишу ғайрати худро бояд ба рӯёнидани се – чор ҳосил аз як замин ва дар кишти такрорӣ ҳарчи бештар истеҳсол намудани картошка, ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо (шолӣ, ҷуворимакка, мош ва лӯбиё) равона созанд.
Бояд гуфт, ки пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, бунёду навсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ ва тухмиҳои аълосифат аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ мебошанд. Амалӣ намудани ин вазифаҳо яке аз роҳҳои муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозор мебошад. Зеро бо риоя гардидани агротехникаи кишт ҳосили маҳсулот зиёд мешавад.
Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз медорад, ки «технологияи парвариши кишти картошкаи барвақтӣ аз картошкаи мавсимӣ фарқ дорад. Марди деҳқон пеш аз кишти картошка бояд заминро хуб омода ва бо нуриҳои минералӣ ва органикӣ таъмин намояд. Нозукии асосии кишти картошка он аст, ки фасли сарморо ба назар гирифта, лӯндаҳои картошкаро дар чуқурии 15 ё 16 см дар қаторҳо мешинонем. Инчунин теғаи болои картошка ва ду атрофи лӯндаи картошка бояд ҳамин андозаро дошта бошад. Дар кишти барвақтии картошка лӯндаи шинонидаи картошка бояд аз 40 то 60 граммро ташкил диҳад ва ҳамроҳ бо нуриҳои минералӣ шинонида шавад, то дар фасли сармо зарар набинад. Ҳамчунин дар ҳолати шинонидани лӯндаҳои картошка бояд ҷӯякҳо аз қутби ҷануб ба шимол шинонида шаванд. Дар ҳолати баромадани Офтоб гармӣ бояд ба болои ҳамаи ҷӯякҳо таъсири хуб расонад. Инчунин лӯндаҳо дар ҳолати бориши борону барфи зиёд ва пас аз баромадани Офтоб бо гармӣ бояд баробар таъмин гарданд. Ин ба сабзиши картошка мусоидат мекунад».
Ба иттилои олимони соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз истифодаи самараноку оқилонаи замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ вобастагӣ дорад. Агар сокинони мамлакат дар заминҳои наздиҳавлигияшон картошка кишт намоянд, оила бо маҳсулоти худӣ таъмин шуда, онро захира низ мекунанд.
Тибқи таҳлилҳо, агар ҳар сокини ҷумҳурӣ соле ба ҳисоби миёна 130 килограмм картошка истеъмол кунад, пас дар як сол қариб 1,3 миллион тонна маҳсулот зарур аст. Ҳарчанд меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 килограмм аст. Яъне барои таъмини аҳолии мамлакат дар як сол тақрибан 830 ҳазор тонна картошка истеҳсол кардан зарур аст. Яъне худи ҷумҳурӣ аҳолиро бо картошка таъмин карда метавонад. Воқеан истеъмоли картошка барои як нафар дар як сол беш аз 130 килограммро ташкил медиҳад, аз ин рӯ, вобаста ба мавсим картошка аз дигар мамлакатҳо – Русия, Покистон ва Чин низ ворид карда мешавад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки барои дар меъёр нигоҳ доштани нархи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка дар бозор бояд ислоҳот анҷом дода шавад. Аз ҷумла, истифодаи техника ва усулҳои муосир метавонад маҳсулнокиро афзоиш дода, хароҷотро кам кунад. Сохтани анборҳои муосири нигоҳдорӣ зарур аст, зеро бо вуҷуди истеҳсоли зиёди картошка, агар шароити нигоҳдорӣ вуҷуд надошта бошад, қисми зиёди маҳсулот талаф меёбад. Бо беҳтарсозии инфрасохтори обёрӣ, яъне бо татбиқи усулҳои обёрии қатрагӣ ва сарфакорона масоҳати киштро метавон афзоиш дод. Маҳдуд кардани дахолати миёнаравҳо имкон медиҳад, ки кишоварзон маҳсулоти худро бевосита ба бозор бароранд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон дар 39 582 гектар замини хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ картошка кишт карда мешавад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»