Дар беш аз 500 гектар замини хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии Тоҷикистон боғу токзори нав бунёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шамоҳаи якуми соли 2025 дар 592 гектар замини хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ боғу токзор, аз ҷумла дар 511 гектар боғ (106 гектараш боғи интенсивӣ) ва дар 81 гектар токзори нав бунёд гардидааст. Дар ин давра инчунин 2521 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор карда шуд. Дар ин хусус 25 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.
Истифодаи техника ва технологияи муосири соҳа ва риояи ҳатмии қоидаҳои агротехникӣ барои рушди соҳаи боғдорӣ ва токпарварӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварда, дар баландшавии нишондиҳандаҳои ҳосилнокии замин, махсусан боғу токзор нақши муҳим мегузорад.
Дар ин давра дар 99 ҳазору 814 гектар коркарди байни қаторҳо ва нармкунии бехи дарахтон, дар 112 ҳазору 772 гектар башаклдарории дарахтон, дар 63 ҳазору 563 гектар яхобмонӣ ва дар 89 ҳазору 851 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд. Ин усулҳо ба кам шудани пайдошавии организмҳои зараррасон таъсири мусбат мерасонанд.
Бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул карда шудааст. Зимни амалӣ гардидани ин барнома майдони токзор бештар мегардад.
Ин барнома ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастрасии корхонаҳои коркард ба ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ нигаронида шудааст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






