Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд. Зеро ҳамасола бар асари боронҳои пай дар пай сатҳи об баланд шуда, ба заминҳои корами кишоварзӣ хисорот мерасонад.
Тавре роҳбари Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар шаҳри Кӯлоб Файзалӣ Мирализода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, барои пешгирии хавфи офатҳои табиӣ бо истифода аз механизмҳои зарурӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Ёхсу бо вусъат идома доранд.
«Ҳамасола то баланд шудани сатҳи оби дарёҳо ва омадани селҳои мавсимӣ қисматҳои осебпазирро бо гузаронидани корҳои заминӣ, гузоштани тахтасангҳо ва сохтани садду обгардонҳо аз нав барқарор менамоем»,- афзуд Файзалӣ Мирализода.
Иброз гардид, ки хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб ҳамасола бо оби полезӣ аз ин дарё таъмин мешаванд. Аз ин рӯ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушиш намуда истодааст, ки дар ин мавсими обёрӣ тамоми заминҳои кишоварзонро бо оби полезӣ сари вақт таъмин намоянд.
Пардохти ҳаққи истифодаи оби полезӣ аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ беҳтар гардида истодааст, вале то ҳол хоҷагиҳое ҳастанд, ки бе шартнома ҳамкорӣ аз оби полезӣ истифода менамоянд.Ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъулин баҳри рафъи камбудии ҷойдошта огоҳонида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






