Тақвияти ҳамкории доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабзода бо Ноиби Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Қирғизистон Авазбек Каримбаев баргузор шуд, ки зимни он ҷонибҳо тақвияти робитаҳои доимӣ байни доираҳои соҳибкории ду кишварро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо аҳамияти мубодилаи таҷриба ва дастгирии лоиҳаҳои муштаракро таъкид намуданд. Ҷониби Қирғизистон барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои иқтисодие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, аз ҷумла намоишгоҳҳо ва форумҳои соҳибкорӣ, даъват гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ мусоҳибон омодагии худро ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд изҳор дошта, зарурати амалӣ намудани ташаббусҳои муштаракро дар соҳаи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таъкид намуданд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






