Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти федералии андози Федератсияи Русия оид ба «Натиҷаҳои татбиқи Созишнома байни Вазорати молияи Чумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Русия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Русия расонидани кумаки беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз» конфронс баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин конфронс хабар медиҳад, дар ҳамоиш беш аз 200 нафар андозсупорандагон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва Хадамоти федералии андоз, Ҷамъияти саҳомии «Маркази асосии татбиқи инноватсияҳои илмӣ»-и Федератсияи Русия иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода иброз дошт, ки дар доираи Созишнома байни Вазорати молияи Чумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Русия аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти федералии андози Федератсияи Русия як қатор корҳои амалӣ анҷом дода шуд. Аз ҷумла, Консепсияи такмили андозбандии амволи манқул ва ғайриманқул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи ташкили кор бо андозсупорандагон ва консепсияи услуби корпоративӣ дар мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид, модернизатсияи компонентҳои системаи мавҷудаи иттилоотии ҳуҷраи шахсии андозсупоранда (шахси воқеӣ) ба шакли замимаи мобилӣ омода гардид.
Инчунин бо мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории андоз ва такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳисобкунӣ ва ситонидани андоз аз арзиши иловашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушд ва такмили маъмурикунонии андоз, таҳлили раванди маъмурикунонӣ ва назорати ААИ, андозбандии даромадҳои шахсони воқеӣ, бахши молиявии иқтисодиёт ва ба ширкатҳои хориҷие, ки хизматрасониҳои электрониро ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд, таклифу тавсияҳо таҳия карда шуд.
Низоми автоматикунонидашудаи назорати андоз аз арзиши иловашуда ва замимаи мобилии «Ҳуҷраи шахсӣ» барои шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи ин Созишнома омода гардидааст, дар конфронс рӯнамоӣ гардид.
Намояндагони Хадамоти федералии андози Русия тартиби истифодабарии ин замимаро ба андозсупорандагон фаҳмониданд.
Сардори Хадамоти федералии андози Федератсияи Русия Даниил Егоров иброз дошт, ки ин система имкон медиҳад, муносибатҳои моливу молиявии андозсупорандагон барои муайян намудани хавфҳои эҳтимолии иҷро нагардидани қонунгузории андоз ва саркашӣ аз пардохти одилонаи андоз аз арзиши иловашуда ба буҷет мусоидат намояд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин замима ба таври худкор маълумотро аз ҳисобнома-фактураҳои электронӣ ва эъломияи андоз аз арзиши иловашуда тафтиш намуда, маълумоти андозсупоранда ва контрагентҳои онро муқоиса мекунад.
Бояд гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра беҳтар гардида, барои пешниҳод намудани хизматрасонии босифат ба андозсупорандагон, самаранок татбиқ намудани назорати андоз ва васеъ намудани манбаи андоз дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад






