Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад

Июль 14, 2025 11:28

ДУШАНБЕ, 14.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 20 июл дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Слёт 16 июл дар «Кохи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд оғоз меёбад.

Дар озмун 7 дастаи нозирони навраси ҳаракат аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Узбекистон иштирок менамоянд.

Иштирокчиёни дастаҳо аз рӯи намудҳои «Азназаргузаронии сафороӣ», «Донишмандони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», «Чархи амонӣ», «Танзимгари наврас», «Дастаи ман», «Гурӯҳҳои ташвиқотӣ», «Пурдонҳо» ва «Тарғибгари наврас»  байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

Озмун бо мақсади ҷоннок намудани  корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ ва омӯзиши ҳарчи бештари қоидаҳои ҳаракат дар роҳ байни  ноболиғон гузаронида мешавад.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 14, 2025 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад