Дар хоҷагиҳои моҳипарварии Тоҷикистон 1906 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуд

Июль 28, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 28.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 1906 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 233 тонна зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни иншасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ 1300 кӯли табиӣ, 8 обанбор ва 385 хоҷагии моҳипарварӣ бо масоҳати умумии 75 ҳазору 968,4 гектар, ки аз он 73 ҳазору 341,6 гектар обанборҳо ва 2 ҳазору 626,8 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ мебошад, барои истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ истифода бурда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар соҳаи парвариши ҳайвонот аз ҷиҳати даромаднокӣ моҳипарварӣ дар ҷойи аввал меистад. Кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 60 намуди моҳӣ мебошад. Тоҷикистон бо табиати биҳиштосои кӯҳсор, тармаву пиряхҳо ва рӯдҳои шӯхи сардоб имкон дорад, ки аз ҷиҳати истеҳсол ва содироти гулмоҳӣ дар ҷаҳон дар ҷойи намоён қарор дошта бошад.

Ёдовар мешавем,ки бо мақсади пешрафти соҳа ва таъмини бозорҳои мамлакат бо гӯшти моҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2023 «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардид. Тибқи низоми содакардашудаи андоз­бандӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи парандапарварӣ, моҳидорӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда аз пардохти андоз аз шахсони ҳуқуқӣ, арзиши иловашуда, аз объектҳои ғайриманқул ва андози замин озод шуданд. Ҳадаф аз ин иқдом ба таври шоиста ба роҳ мондани рушди соҳа ва ҷалби бештари соҳибкорон ба моҳипарварӣ мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Июль 28, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд