Дар мақомоти давлатӣ беш аз 18 ҳазор хизматчии давлатӣ фаъолият менамоянд

Июль 21, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 21.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон дар мақомоти давлатӣ 18 609 нафар хизматчиёни давлатии амалкунанда фаъолият намудаанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хизмати давлатӣ Илёс Идрисзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Тавре Илёс Идрисзода изҳор намуд, шумораи занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4682 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  27 нафар зиёд мебошанд. Аз шумораи 6098 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1159 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи ҷавонони то 35-сола дар хизмати давлатӣ 9116 нафарро ташкил медиҳад. Дар мансабҳои роҳбарикунанда 1745 нафар ҷавонон фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 133 нафар зиёд мебошад.

Ҳамзамон Директори агентӣ иброз намуд, ки санҷиши ҳолати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» нишон дод, ки аз ҷониби масъулини баъзе мақомоти давлатии санҷидашуда даврҳои омӯзишӣ тибқи талаботи муқарраршуда гузаронида нашудаанд.

«Аз натиҷаи таҳлили вазъи иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ ва фармони мазкур ба шахсони масъул кумаки методӣ расонида шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба мақомоти давлатӣ санадҳои санҷишӣ ирсол гардиданд»,-афзуд Илёс Идрисзода.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Июль 21, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад