Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд

Июль 2, 2025 09:43

ДУШАНБЕ, 01.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Ванҷ иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и деҳаи Рави Ҷамоати деҳоти Ҷовидон 4 синфхонаи иловагӣ барои 45 нафар хонанда дар як баст бунёд гардид.

Бинои нави таълимӣ бо лавозимоти зарурӣ барои омӯзгорону хонандагон дастрас гардонида шуд. Он ба стандартҳои миллию байналмилалӣ баробар кардани сифати таълиму тарбия ва рушди малакаи зеҳнӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Инчунин дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и деҳаи Жамаги Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ 3 синфхонаи иловагӣ барои 36 нафар хонанда дар як баст сохта шуд. Бояд гуфт, ки дар ин муассиса 301 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки норасоии ҷойи нишаст ба назар мерасид.

Мувофиқи маълумоти дастрасгардида, дар ноҳияи Ванҷ шумораи хонандагон 5 ҳазору 615 нафарро ташкил медиҳад, ки ба онҳо 775 омӯзгор дар 51 муассисаи таълимӣ дарс медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди 3 муассисаи таълимии ноҳияи Ванҷ 11 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Инчунин дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ванҷ сокинони деҳаи Мотравни Ҷамоати деҳоти Язгулом бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд. Истиқоматкунандагони ин деҳа шукрона аз сулҳу субот ва фазои мусоиди рушди мамлакат намуда, дар рушду ободонии маҳал саҳмгузор мебошанд.

Сокинони ноҳияи Ванҷ аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баҳри рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некуаҳолӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ

 

Июль 2, 2025 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд