Дар Озмуни байналмилалии нозирони навраси ҳаракат 7 даста аз давлатҳои ИДМ иштирок менамояд

Июль 17, 2025 13:27

ДУШАНБЕ, 17.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 15 то 20 июл дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи он 16 июл дар «Кохи фарҳанги ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд Озмуни байналмилалии «Нозирони навраси ҳаракат» оғоз гардид.

Дар озмун 7 дастаи нозирони навраси ҳаракат аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Узбекистон иштирок намуд.

Иброз гардид, ки баргузории чунин озмунҳо омили муҳим барои тарбияи ҳуқуқии наврасон дар самти риоя ва омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва барқарорсозии дӯстӣ байни онҳо мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, бахусус кӯдакону наврасон тадбирҳои зарурии беҳдоштию муҳофизатӣ андешида, ҳаёту саломатии ҳар шаҳрвандро ҳифз менамояд.

Дар идома намояндагони дастаҳои иштирокчӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои фароҳамсозии шароити созгор ҷиҳати гузаронидани озмун, ки ба баланд бардоштани маънавиёти наврасон мусоидат мекунад, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмун дар доираи Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил гузаронида мешавад. Иштирокчиёни дастаҳо аз рӯи намудҳои «Азназаргузаронии сафороӣ», «Донишмандони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», «Чархи амонӣ», «Танзимгари наврас», «Дастаи ман», «Гурӯҳҳои ташвиқотӣ», «Пурдонҳо» ва «Тарғибгари наврас»  байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Июль 17, 2025 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид