Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
ДУШАНБЕ, 02.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, 2 июл дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикитсон ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, коршиносони соҳаи энергетика, ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ, ки дар соҳаи энергетика фаъолият доранд, иштирок доштанд.
Зимни ҷаласа ҷараёни таҳия лоиҳаи кодекс мавриди баррасӣ қарор гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати мукаммалсозии он дар заминаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва талаботи муосири рушди энергетика манзур гардиданд.
Лоиҳаи Кодекси энергетикӣ фарогири масъалаҳои калидии соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия, танзими муносибатҳо дар бахши истеҳсол, интиқол ва истифодаи неруи барқ, гармӣ ва геотермалӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таъмини амнияти энергетикӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки айни замон 70 дарсади лоиҳаи Кодекси энергетикӣ таҳия гардида, ин санад барои танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҳуқуқӣ дар бахши энергетика ва таҳкими заминаи қонунгузорӣ ҷиҳати рушди устувори соҳа аҳамияти хос дорад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид






