Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 июли соли равон вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода бо Роҳбари нави шуъбаи кишварҳои Осиёи Марказии Комиссияи Аврупо хонум Шарлот Адриен баргузор шуд, ки зимни он ҷонибҳо татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетикаи сабзро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аҳлиддин Нуриддинзода изҳор дошт, ки бо роҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссияи Аврупо, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо тавсеа ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба нақлиёт, рақамикунонӣ, идоракунии захираҳои об ва ҳамкории минтақавӣ, инчунин ҷараёни Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта (СШҲТ)-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷониби Тоҷикистон изҳор намуд, ки дар партави натиҷаҳои сафари Комиссари Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ҷозеф Сикела ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саммити якуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ба тавсеаи ҳамкорӣ такони ҷиддӣ бахшида, заминаи ҷалби маблағгузории грантӣ ва қарзии навро фароҳам оварданд.
Дар робита ба ин, Аҳлиддин Нуриддинзода дастгирии минбаъдаи Комиссияи Аврупоро ҷиҳати ҷалби манбаъҳои маблағгузорӣ ва дастгирии техникию молиявӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар чаҳорчӯби ташаббуси Global Gateway муҳим арзёбӣ намуд.
Дар посух ба пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон, хонум Шарлот Адриен омодагии худро ҷиҳати баррасии роҳҳои дастгирии лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар самти энергетикаи барқароршаванда, нақлиёт ва обу иқлим баён намуда, аҳамияти таҳкими заминаи шартномавӣ тавассути СШҲТ ва истифодаи васеи имкониятҳои ташаббуси «Global Gateway»-ро таъкид намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба аҳамияти таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва идомаи муколамаи сатҳи баланд байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми ҷаҳонӣ оид ба истифодаи маълумот барои таҳкими чораҳои зиддикоррупсионӣ иштирок намуд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия ҳамоиши идона доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Доир ба Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи бартарафсозии омилҳои коррупсионӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошкаи барвақтӣ оғоз гардид
100-сомонии ҷашнии Тоҷикистон беҳтарин банкнотаи ҷашнии соли 2025 дониста шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самтҳои афзалиятнок рушд меёбад
Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баргузор мешавад
Оид ба омодагӣ ба Форуми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг доир мешавад
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва Созмони нақшабардории Эрон ҳамкориро дар соҳаҳои заминсозӣ тақвият медиҳанд
Дар доираи лоиҳаи «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ» ҷаласа баргузор гардид






