Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кишоварзии кишвар устуворона рушд намуда, дар заминаи он суботи иқтисодӣ ва амнияти озуқаворӣ таъмин карда шудааст. Дар баробари дигар дастовардҳои бузурги байналмилалии Тоҷикистон Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
7 — 8 июл дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия ҷаласаи гурӯҳи илмиву машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар рафти ин ҷаласа Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуданд.
Ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки онҳо аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд.
То имрӯз дар минтақаи Аврупо ва Осиё танҳо 12 мавзеъ дар 5 кишвар — Андора, Австрия, Италия, Испания ва Португалия дар феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ҷойгир мебошанд. Акнун дараи Алмосии Тоҷикистон низ ба ин рӯйхат ворид карда шуд, ки дар пайванди мероси ғании табиӣ дар минтақа ва ҷаҳон нақши муассир дорад.
Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, як низоми кишоварзии нодирро ташкил дода, дар он чорводорӣ дар ҳамбастагӣ бо зироаткорӣ ва боғдорӣ рушд намудааст. Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус ангури тойифии гулобӣ парвариш карда мешаванд, ки аз он шарбату мавиз ва нӯшокиву шароб истеҳсол мекунанд. Ҳамчунин дар минтақа гӯсфанди ҳисорӣ, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқ мебошад, парваришу нигоҳубин карда мешаванд.
Дараи Алмосӣ ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби табиӣ ва гиёҳшиносии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо зебоии нотакрор ва захираҳои шифобахш ин минтақа таваҷҷуҳи мутахассисон, табибон ва сайёҳонро низ ба худ ҷалб намудааст.
Яке аз намудҳои чорвое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариш ёфтаву дар ҷаҳон номдор аст, ин гӯсфанди зоти ҳисорӣ мебошад, ки калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад. Гӯсфанди ҳисорӣ зоти тоҷикии аслӣ буда, таърихи пайдоишаш ба давраҳои дур рафта мерасад. Гӯсфанди ҳисорӣ — зоти дуруштпашму дунбакалони маҳаллӣ аст. Ин гӯсфандро барои гӯшту равған парвариш менамоянд ва пайдоишу парвариши он аз водии Ҳисор ибтидо гирифтааст. Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини гӯсфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш карда мешавад.
Бо шарофати вазни зиндаи калонтарин дар арсаи ҷаҳон минтақаи парваришу афзоишдиҳии гӯсфанди зоти ҳисорӣ танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест. Тайи солҳои гуногун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва аксар кишварҳои қаламрави ИДМ интиқол дода шуда, дар ин кишварҳо низ парвариш карда мешаванд.
Ҳоло саршумори беҳтарин гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар корхонаҳои зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, Корхонаи воҳиди давлатии «Зотпарвар»-и Ҳисор ва Шаҳринав, кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара, кооперативи истеҳсолии «Дилшод-Б»-и ноҳияи Варзоб ва дигар хоҷагиҳо парвариш меёбанд. Ин хоҷагиҳо дар парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони хушзоту баландмаҳсул нақши асосӣ доранд.
Ангури тоифӣ, ки дар минтақаи Ҳисор парвариш меёбад, бо назардошти муътадил будани иқлим ранги гулобӣ мегирад. Инчунин бо таъмаш фарқ мекунад. Ин навъи ангур ба бемориҳо тобовар буда, қобилияти хуби нигаҳдорӣ дорад. Донаи байзашакл, пӯсти ғафс ва таъми ширин дорад. Дар дохили хона зимистон дар ҳарорати то 15 дараҷа гармӣ то 5 моҳ нигоҳ доштанаш мумкин аст. Давраи ҳосилғундорӣ аз моҳи сентябр то декабр мебошад. Инчунин аз ин навъи ангур шароб ё афшураҳои беҳтарин омода карда мешаванд. Буттамеваҳои ин навъи ангур миқдори кофии афшура доранд ва миқдори шакар дар онҳо мутавозин аст. Ранги ангури тоифӣ ба ҳарорати минтақа вобастагӣ дорад.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нахустин кишваре мебошад, ки маҳсулоти кишоварзии он ба «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид шуд ва гусфанди зоти ҳисорию ангури навъи тоифӣ минбаъд дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда мешаванд.
АКС аз Дидор Саъдуллоев








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






