Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?

Июль 1, 2025 11:38

ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз 1 июли соли равон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона,  муассиса ва ташкилоти дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2027 гардиши пурраи электронии ҳуҷҷатҳоро тавассути низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба роҳ монанд. Чунин омадааст дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастурамали намунавиии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 июни соли 2025. Вобаста ба ин мавзуъ сардори Раёсати танзими гардиши ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Шоҳзода дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин изҳори назар намуд:

— Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ на танҳо як тамоюли муосир, балки зарурати муносибгардонии фаъолият, баланд бардоштани шаффофият, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва кам кардани хароҷот мебошад. Он барои беҳтар кардани идоракунӣ ва рушди иқтисодӣ имкониятҳои нав фароҳам оварда, ба ҳамкории одилона ва самараноки давлат бо ҷомеа мусоидат мекунад.

28 декабри соли 2024 дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, ки  солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.

Сарвари давлат нақши махсуси инноватсия ва технологияҳои рақамиро дар таҳкими иқтисодиёт зарур шумориданд. Зеро барои давлате, ки ба марҳилаи нави рушд ворид мешавад, иқтисоди рақамӣ нақши хеле муҳим дорад.

Давлатҳои гуногуни пешрафтаи ҷаҳон, инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиммияти масъалаи субот ва устувории рақобатпазириро дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ дарк намуда, стратегияҳои рушди иқтисодии мамлакати худро таҳия месозанд, ки маркази онҳоро технологияҳои иттилоотӣ ташкил медиҳанд.

Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки дар шароити рушди технологияи рақамӣ, метавонем ҷиҳати беҳбудбахшии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аз имкониятҳои он самаранок истифода намоем. Иқтисоди рақамӣ на танҳо падидаи нав, балки афзалияти стратегӣ буда, имкон медиҳад доираи васеи вазифаҳо ҳал карда шаванд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар самти рақамикунонӣ як қатор корҳои назаррас анҷом ёфта истодаанд, ки бозгӯи ғамхориҳои бевоситаи ҳукумати мамлакат буда, мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон бо истифода аз технологияҳои муосир ва рақабатпазир будани иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки дастрасӣ ба дониш ва технология ба ҳар як шахс имкон медиҳад, ки дар рушди мамлакат саҳми худро гузорад. Муҳим он аст, ки мақомоти давлатӣ ва ҳам бахши хусусӣ аз ин имкониятҳо истифода бурда, дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ фаъолона иштирок карда, барои шаҳрвандон низомҳои осонтар ва самараноктар эҷод намоянд.

Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарин барои солҳои оянда мебошад. Пешбурди платформаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ на танҳо самаранокии идоракуниро баланд мебардорад, балки дастрасиро барои аҳолӣ ба таври назаррас беҳтар мекунад.

Сол аз сол ҷаҳон рақамӣ мешавад ва солҳои охир мавзӯи рақамисозии идоракунии давлатӣ торафт муҳимтар мегардад. Яке аз ҷанбаҳои муҳимми ин раванд гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад. Ин на танҳо як зарурати техникӣ, балки як қадами муҳим дар самти беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, баланд бардоштани шаффофият, фаврият, бехатарии гардиши ҳуҷҷатҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон мебошад.

Коргузории электронӣ ҷузъи муҳимми низоми муосири идоракунӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳо мебошад. Он имкон медиҳад, ки ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ эҷод, коркард, нигоҳдорӣ ва интиқол диҳед, ки ба суръатбахшии равандҳо ва кам кардани хароҷоти кори коғазӣ таъсири назаррас дорад.

Дар ҷумҳурӣ асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, тартиби гардиш ва истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин таъсис ва истифодаи имзои электрониро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» танзим менамояд. Тибқи моддаи 7 ва 10 Қонуни мазкур ҳуҷҷати электронӣ метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолият, ки дар онҳо воситаҳои барномавӣ ва техникии барои омода, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва қабули иттилоот заруранд, истифода шавад. Ҳуҷҷати электронӣ, ки бо имзои электронии ҳифзшуда имзо шудааст бо ҳуҷҷати ҳомили коғазӣ, ки бо имзои дастӣ имзо шудааст, эътибори ҳуқуқии баробар дорад. Чунин бартариятҳо барои гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ мавҷуданд:

  1. Яке аз бартариятҳои асосии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қобилияти ба таври назаррас тезонидани равандҳои коркарди ҳуҷҷатҳо мебошад. Дар шароити гардиши анъанавии ҳуҷҷатҳои коғазӣ, вақти интиқол, мувофиқа ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳо метавонад аз якчанд рӯз то якчанд ҳафта тӯл кашад. Ҳуҷҷатҳои электронӣ, баръакс, метавонанд фавран коркард ва ба қабулкунанда интиқол дода шаванд, ки ин имкон медиҳад, ки вақти иҷрои амалиётҳои гуногун кам карда шавад. Татбиқи низомҳои электронӣ инчунин имкон медиҳанд, ки равандҳои дохилиро муносиб гардонед, ба монанди автоматикунонии раванди эҷод ва имзои ҳуҷҷатҳо, инчунин нигоҳдорӣ ва ҷустуҷӯи онҳо. Ин хатари ба хатогӣ дучоршавӣ ва такрори иттилоотро кам карда, самаранокии умумии кори мақомоти давлатиро хеле баланд мебардорад.
  1. Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ боиси кам шудани хароҷоти коғаз, лавозимоти корӣ, техникаи чопӣ ва нигоҳдории бойгонии коғазӣ мегардад. Дар натиҷа, мақомоти давлатӣ метавонанд ин маблағҳоро ба лоиҳаҳои дигари муҳим равона карда, ба истифодаи самараноки буҷети давлатӣ мусоидат намояд. Ғайр аз ин гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба ҳифзи муҳити зист таъсири мусбат мерасонад. Истифодаи ками коғаз ба кам шудани несту нобудшавии ҷангалҳо ва кам шудани партовҳо мусоидат мекунад.
  2. Ҳуҷҷатҳои электронӣ бетағйир мебошанд, ки сатҳи шаффофияти кори мақомоти давлатиро ба таври назаррас баланд мебардорад. Қобилияти пайгирии мақоми ҳуҷҷат, инчунин таърихи он ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ имкон медиҳад, ки фаъолияти мақомотро самараноктар назорат кунанд. Илова бар ин, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ нақшаҳои коррупсиониро, ба монанди қалбакӣ будани ҳуҷҷатё гум кардани ҳуҷҷатҳоро хеле душвор мекунад. Дар шароити рақамисозӣ, ки ҳар як қадамро сабт ва санҷидан мумкин аст, коркарди иттилоот осонтар гардида, ба зиёд гардидани эътимоди шаҳрвандон ба сохторҳои давлатӣ мусоидат мекунад.
  3. Яке аз ҳадафҳои асосии рақамисозӣ беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешниҳодшаванда мебошад. Муомилоти электронии ҳуҷҷатҳо ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки маълумоти заруриро зудтар ба даст оранд, ба мақомот ариза ва дархостҳо пешниҳод карда, раванди баррасии онҳоро дар реҷаи вақти воқеӣ назорат кунанд. Ин ҳамкорӣ бо давлатро осонтар карда, вақти камтарро мегирад, ки ин ба фароҳам овардани муҳити бароҳат ва самаранок барои шаҳрвандон мусоидат мекунад.
  4. Дар шароити гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, тиҷорати хурд ва миёна ба хизматрасониҳои маъмурии тезтар ва осонтару арзонтар дастрасӣ пайдо мекунанд. Дархостҳои дар реҷаи вақти воқеӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва гирифтани иҷозатномаҳо тавассути интернет ба соҳибкорон имкон медиҳанд, ки вақт ва хароҷотро ба таври назаррас сарфа кунанд, ки ин ба рушди тиҷорат ва дар маҷмӯъ барушди иқтисодиёт мусоидат мекунад.

Идомаи рақамисозӣ дар сохторҳои давлатӣ як қадами муҳим барои эҷоди раванди кушодатар, зудтар ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи маъмурӣ буда,  ин бешубҳа на танҳо ба мақомоти давлатӣ, балки ба ҳамаи шаҳрвандони мамлакат низ манфиати калон меорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 1, 2025 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Зимни сафари кории Сарвари давлат ба Бадахшон ҳудудан 50 чорабинӣ ва ифтитоҳи иншоот доир гардид
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд