Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад

Июль 15, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 15.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад. Китоб номгӯи ҳамаи ёдгориҳои таърихию фарҳангиро, ки то имрӯз дар Тоҷикистон сабт шудаанд, дар бар мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар китоб мероси таърихию фарҳангӣ ва табиии мамлакат ба таври фишурда бо забонҳои тоҷики, русӣ, англисӣ ва форсӣ бо чопи аксҳо нашр шудааст. Китоб барои доираи васеи алоқамандон, сайёҳон ва пажӯҳишгарон пешниҳод мешавад.

Маҷмуа асосан ёдгориҳои бостонӣ, табиӣ ва меъмориро дар бар гирифтааст, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ барқарор гардидаанд.

Маҳз чунин ёдгориҳо метавонанд муаррифи таъриху фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ гашта, барои ривоҷи васеи сайёҳии фарҳангӣ дар мамлакат роҳ кушоянд.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 15, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд