Корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд

Июль 16, 2025 13:48

ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон дар 6 моҳи соли 2025 ба маблағи 5 миллиарду 627,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ҳаҷми истеҳсолро нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 634 миллион сомонӣ зиёд намуданд. Дар ин хусус зимни баргузории ҷаласа оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли 2025 иттилоъ дода шуд.

Давоми 6 моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 42 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 278 ҷойи кор ба истифода дода шуд.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят таъмиру бунёди 6260 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 июли соли равон 5479 иншоот бунёд шудааст, ки 87,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ дар миқёси вилоят ба масофаи 1420 километр роҳҳо аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи умумии 102,7 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ шудаанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 47,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июль 16, 2025 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид