Лоиҳаи «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 июл ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии зинаи якум оид ба таҳияи «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ барои муаррифӣ ва баррасии лоиҳаи «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» (БМР 2026-2030) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки лоиҳаи «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» барои иҷрои супориши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат таҳия гардида, таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳо барои такмили лоиҳаи ин барнома муҳим мебошанд.
Сипас ба иштироккунандагон лоиҳаи «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» ҳадафу афзалияти рушди ҷумҳурӣ, аз ҷумла рақамикунонӣ, рушди саноат ва зеҳни сунъӣ, рушди иқтисодӣ дар асоси навоварӣ, илм ва ихтироот, рушди сармояи инсонӣ ва дигар масъалаҳо муаррифӣ карда шуданд.
Бояд гуфт, ки «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» марҳилаи сеюми татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба ҳисоб меравад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






