Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд

Июль 5, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 05.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Дарвоз диёри мардуми меҳмоннавоз буда, бо доштани иқлими муносиб, манзараҳои нотакрор, кӯҳҳои сарбафалак, обҳои ширину шифобахш, ҳайвоноту набототи нодираш яке аз маконҳои беҳтарини сайру саёҳат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳсуб мегардад. Ҳамин аст, ки дар 6 моҳи соли 2025 наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро тамошо намуданд.

Дар ноҳияи Дарвоз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи сайёҳӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуда, ба бунёди инфрасохторҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар ин замина метавон гуфт, ки бунёди комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» ба рушди ояндаи соҳа ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ замина мегузорад.

Деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз боду ҳавои форам, чашмаҳои табобатӣ ва манзараҳои табиӣ диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб месозад. Он яке аз мавзеъи сайёҳӣ барои муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик дар ноҳияи Дарвоз мебошад. Дар деҳаи этнографӣ хонаҳои хурди бо лой ва чӯб сохташуда, ки асрҳо тоҷикони кӯҳистон барои худ месохтанд, ба сайёҳон муаррифӣ мешавад.

Ба таъкиди таърихшиносон,  аз 3 ҳазор сол пеш ин ҷониб мардуми тоҷик, бахусус сокинони кӯҳистони Бадахшон дар деҳот ҳамин гуна зиндагӣ мекарданд.

Бояд гуфт, ки дар деҳаи этнографӣ на танҳо хонаҳои қадимаи мардуми Бадахшон, балки иншооти муосир ҳам сохта шудааст, ки диққати сайёҳонро ба худ ҷалб месозад.

Дар он ҷо 8 хонаи истиқоматӣ, осиёби обӣ, бодӣ, ҷувоз ва дигар намуди суннату анъанаҳои мардумӣ, ки давраҳои гуногуни зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад, бунёд шудааст.

Ин иншооти нави сайёҳӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 25 июни соли равон  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Дарвоз аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» дидан намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сокинони ин деҳа таъкид намуданд, ки: «вазъияти душвори замони муосир моро водор месозад, ки ба қадри тинҷию оромии Ватан бирасем, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пос доштани фарҳангу таърихи пурғановат усутуворона қадам гузорем ва саҳми худро ҳамчун фарзандони содиқи диёр дар ободии мамлакатамон гузорем».

Бояд гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» ҳавзи моҳипарварӣ, маркази баҳисобгирии зеҳни сунъӣ, комплекси сайёҳӣ, хонаи этнографӣ ва дигар иншооти замонавӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин ҷо наздики 100 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд.

Инчунин 25 июн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» оғоз бахшиданд.

Комплекси сайёҳӣ дар байни қаторкӯҳҳои деҳаи Зев, ки дарёву чашмаҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрор дорад, дар масоҳати беш аз 2 гектар сохта шудааст. Он тарҳи муосиру ҷавобгӯи талаботи стандарти байналмилалӣ дошта, дар як вақт имкон дорад ба беш аз 100 ҷаҳонгард хизмат расонад.

Барои зиндагӣ ва фароғати сайёҳон имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст. Сайёҳони дохиливу хориҷӣ метавонанд сайругашт, ташхису табобат намуда, машғули бозиҳои шавқовари қадима,  аз ҷумла камонварӣ шаванд.

Дар комплекси сайёҳӣ 10 хонаи истиқоматӣ ва дигар таҷҳизоти солимгардонӣ ворид ва насб шуда, дастгоҳу таҷҳизоти дохили он бо ишора идора карда мешавад.

Инчунин дар комлекси сайёҳӣ бинои дуошёнаи ташхису табобат бунёд шудааст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин аст ва дар як вақт метавонад ба 50 нафар хизмат расонад.

Дар ин мавзеи сайёҳӣ зиёда аз 40 сокини деҳаи Зев ба кор таъмин гардида, бо вусъат ёфтани иншооти сайёҳӣ шумораи коргарон ба 100 нафар расонида мешавад.

Бунёди иншооти нави сайёҳӣ дар ин мавзеъ ба рушди соҳа, таъмини сокинон бо ҷойи кор ва беҳсозии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ замина гузошт.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар ноҳияи Дарвоз 162 иншооти таърихиву сайёҳӣ ва хизматрасонӣ фаъолият дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 5, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба гиромидошти Рӯзи Мавлоно дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи давлатии Кутаиси тақвият медиҳад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Шурои нави диссертатсионӣ муаррифӣ карда шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар ҳашт моҳ 34% афзоиш ёфтааст
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
DITE-2025: Душанбе ба маркази нави сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад
DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат доир гардиданд
Муслим Сафоӣ аз Эрон: «Соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад»
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қазони Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид