НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз Тоҷикистон ба 26 давлати ҷаҳон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид

Июль 25, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба 26 давлати ҷаҳон 90 ҳазору 280 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 33,8 миллион доллари амрикоӣ содирот гардидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз ҷиҳати ҳаҷм 13 ҳазору 156 тонна ва аз ҷиҳати маблағ 5,0 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода ба хабарнигорон маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки аз шумораи маҳсулоти кишоварзии содиротшуда 25 ҳазору 200 тоннаро сабзавот, 15 ҳазору 069 тоннаро меваҷот, 46 ҳазору 104 тоннаро меваи хушк, 1528 тоннаро чормағзмеваҳо ва 2107 тоннаро решаҳои коснӣ (сикория) ташкил медиҳанд.

Содироти оилаи занбӯри асал 4 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 2 тонна зиёд мебошад

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладона ба 679 065 тонна, картошка- 267 929 тонна, сабзавот- 1 217 009 тонна, полезӣ- 590 881 тонна, мевагиҳо- 297 731 тонна, ангур- 3738 тонна ва хӯроки чорво ба 496 962 тонна баробар гардид. Истеҳсоли картошка 819 тонна, полезӣ 177 916 тонна, мевагиҳо 72905 тонна, ангур 1034 тонна ва хӯроки чорво 43903 тонна нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 зиёд мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид