НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 22 ҳазор табиб ба мардум хизмат мерасонад

Июль 23, 2025 16:06

ДУШАНБЕ, 23.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон 22 ҳазору 150 табиб ва 63 ҳазору 783 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 2,4 ва 2,0 % зиёд мебошад. Имрӯз таъминнокии табибон дар ҷумҳурӣ 93,6 ва кормандони миёнаи тиббӣ 99,6 %- ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба як соли пеш тахминан 1,5 ва 0,4% зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба норасоии табибон дар мамлакат иброз дошт, ки имрӯз норасоии табибон бештар дар самти тибби оилавӣ, дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ дар самти силшиносӣ — ренгенологҳо ва дар баъзе минтақаҳои дурдасттарин норасоии мутахассисони бемориҳои занона ва ҷарроҳон ба назар мерасад.

«Мо барои бартараф намудани ин камбудиҳо, яъне норасоии табибон дар баъзе минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ аз ҳисоби кормандони соҳаи тандурустии вилоятҳо табибонро ба тариқи навбатдорӣ барои хизмат расонидан ба аҳолии ин минтақаҳо равон менамоем», — гуфт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки имрӯз норасоии мутахассисони соҳаи тиб дар ҷумҳурӣ 1600 нафарро ташкил медиҳад.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро 1845 нафар, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро 400 нафар, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 694 нафар донишҷӯён ва дар умум 2939 нафар хатм карданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 453 нафар зиёд мебошад.

Дар соли хатми 2024 коллеҷҳои тиббии ҷумҳуриро 16 963 донишҷӯ хатм намуд.

Беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустии мамлакат бо мутахассисони тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
Тоҳири САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2025 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд