Озмоишгоҳи муштараки Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ ифтитоҳ ёфт

Июль 22, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 22.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи муштараки Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ дар доираи ташаббуси «Камарбанд – Роҳ» ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Академияи миллии илмҳо.

Озмоишгоҳи муштарак бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои тақвият бахшидани фаъолият оид ба ҳифзи захираҳои биологӣ дар минтақаҳои хушки Осиёи Марказӣ, ба роҳ мондани таҳқиқот ва таҳияи технологияҳои пешрафтаи калидӣ, мусоидат намудан ба рушди «сабз» ва устувори минтақа, таъмин намудани дастгирии илмию технологӣ дар доираи ташаббуси «Бунёди ҷомеаи сарнавишти муштараки Тоҷикистон ва Чин дар марҳилаи нав» ва ташаббуси «Камарбанд ва Роҳ» таъсис дода шудааст.

Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ таъкид гардид, ки фаъолияти озмоишгоҳ дар оянда платформаи сатҳи баланди ҳамкории байналмилалии инноватсионӣ дар соҳаи илм ва технология ба шумор рафта, технологияҳои калидиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои биологӣ таҳия ва ба рушди бемайлони минтақа мусоидат менамояд.

Ба озмоишгоҳи муштарак барои пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ коршиносони мамлакатҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳамчун шарикони калидӣ ҷалб карда мешаванд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 22, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид