35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд биноҳои Маркази саратоншиносӣ ва Маркази эндокринология бунёд карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, варзиш ва биноҳои маъмурӣ бунёд карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои иловагии гимназияи №-4 идома дорад. Бинои иловагӣ аз 4 ошёна ва 32 синфхона иборат мебошад.
Ҳамчунин дар шаҳр биноҳои Маркази саратоншиносии 6-ошёна бо 160 кат, Палатаи савдо ва саноат, Суди вилояти Суғд, Маркази эндокринология барои 200 кат, бинои 7-ошёнаи Беморхонаи клиникавии №1 бо 200 кат, Маҷмааи варзишии «Суғд Арена» барои тамрини 1000 варзишгар ва кӯдакистонҳо сохта мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд бунёди 950 иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст. То имрӯз 900 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки беш аз 94 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






