Ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон муҳокима карда шуд
ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои мухталифи ҳуқуқи инсон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Намояндаи доимии навтаъйини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Судито Мукерҷӣ вохӯрӣ доир намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан масоили мутобиқати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж, тақвияти ҳамкорӣ дар самти Шарҳи универсалии даврӣ (марҳилаи сеюм) ва дигар масъалаҳо табодули афкор анҷом доданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар хусуси дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон пайваста қадамҳои устувор мегузорад.
Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) Судито Мукерҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкории мутақобили судманд ҷиҳати риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки давом додани ҳамкории судманд мувофиқи мақсад аст. Он барои риоя намудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ иқдоми зарурӣ ва қобили дастгирӣ мебошад.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






