Ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 09.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 8 август дар шаҳри Душанбе Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Судипто Мукерҷӣ мулоқот намуд, ки зимни он дурнамои ҳамкории минбаъда баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Раиси Кумита Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳидро яке аз шарикони боэътимод дар татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш номида, дастовардҳои муштаракро дар соли 2025 ёдовар шуд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид 7 гӯшаи эҷодӣ дар марказҳои ҷавонони мамлакат таъмир ва бо техникаи муосир муҷаҳҳаз гардида, майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Рӯшон таъмир карда шуд. Ҳамзамон бо иштироки муштараки ҷавонон якчанд чорабинии муҳим доир карда шуд.
Зимни мулоқот вобаста ба тақвияти ҳамкории минбаъда чанд пешниҳод, аз ҷумла доир ба идома додани кори муштарак оид ба рушди инфрасохтор барои ҷавонон ва варзишгарон, татбиқи лоиҳаҳо оид ба баланд бардоштани малакаҳои ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ, дастгирии ташаббусҳои сулҳовар ва таҳкими иҷтимоии ҷавонон, манзур карда шуд.
Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуда, таъкид карданд, ки лоиҳаҳои муштараки оянда барои рушди иқтидори ҷавонон ва васеъ намудани имкониятҳои онҳо мусоидат хоҳанд кард.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






